Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид дошта буданд, ки раванди ободониву созандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан баъди солҳои 2000 – ум оғоз гардидааст. То ин замон наҳзатиҳо зери парчами “адолату ҳақиқат” барои рехтани хуни ноҳақ саъю талош варзиданд.  Чун сирри “пешравиҳояшон” фош шуд фирор аз Тоҷикистон намуданд. Ва имрӯз Кабирӣ ва ҷамъи дӯстони ӯ барои дасисаву иғво ба ҳама чиз қодиранд.  Кори онҳо танҳо таънаву маломатзанӣ ва нуқсон ҷустан аз кору фаъолияти Роҳбари давлат, сиёсати имрӯзаи ҳукумат ва паст задани обрӯву эътибори давлату миллат мебошад.

         Мардуми Тоҷикистон, хушбахтона дар фазо суботу оромӣ ва бо сарварии Пешвои миллат дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳамагуна сахтиву мушкилиҳоро паси сар намуда истодааст. Ин нафарон ба қадри заҳмату рафоқати ҳамдилии тоҷикон намерасанд.  

         Вақте ба қадри тамоми дастовардҳо мерасем, хизмати дигаронро қадр менамоем, аз натиҷаҳои кам ҳам бошад, хурсанд гашта, боз ҳам бештару хубтар меҳнату талош намоем, хоҳу нохоҳ зиндагиамон аз дирӯза беҳтар мегардад. Ҳадафи фаъолияти Роҳбари давлат ҳам ҳамин аст, ки мардум ба шароити аз имрӯза дида боз ҳам ба хубтару беҳтар ббирасанд. Чун дар яке аз Паёмҳои пешинаи хеш зикр намуда буданд, ки «мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи зиндагии шоистаро дорад».

 Пас, имрӯз аз Ватани ободу зебо, сулҳу оромии кишвар, комёбиҳои давлат, ободиву зебоӣ ва пешравиҳои ҳар соҳа шукр мебояд. Шукр бояд гуфт, ки бо сарварии Пешвои миллат қадам ба қадам чор ҳадафи стратегии кишвар амалӣ гардида истодааст ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва мардуми онро ҳамчун миллати қадимаву шаҳрсозу тамаддунофар шинохтанд.

Муҳаррама Темурова,  устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд