Имрӯз  дар ҷомеа афроди ноогоҳе ҳастанд, ки ғайр аз манфиати хеш манфиати дигареро афзалтар намедонанд. Бо амалу рафтори ноогоҳонаи хеш зидди тартиботу қонуният баромада, дар зеҳну тафаккури аҳли ҷомеа ҳиси норозигиро бедор менамоянд. Ин гуна амал аслан аз рӯи камоли одамӣ нест.

  Дар миёни ҷамъият ва давлат пайдо шудани чунин “тӯдакаш”- ҳо бешубҳа барои пешрафти мамлакат хатарест, калон.  Чунин афроди нохудогоҳ ба сулҳу осоиштагии кишвари азизамон бо чашми ҳасад менигаранд ва доимо барои халалдор сохтани ин оромӣ дар талошанд. Дар ин иртибот, имрӯзҳо фаъолияти чунин гуруҳҳо ва лидерони ғайрирасмӣ дар ВМКБ ба назар мерасад, ки санаҳои 24 - 25 ноябр кӯшиши тазоҳурот карданро дар маркази шаҳри Хоруғ ба миён оварданд. Ин гуна амалҳо, ки барои мардумситезӣ оварда мерасонад, фарҷоми хуб надошта, мамлакатро ба доми норромиҳо мекашад.

Мо набояд фаромӯш созем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ маҳз пайдо гардидани ҳизбу созмонҳои ғайриқонунӣ, лидерони ғайрирасмӣ  ва дастгирии онҳо аз ҷониби нерӯҳои сиёсии беруна боиси ҷанги дохилӣ, ҳалоқати ҳазорҳо шаҳрвандон ва ҳисороти бузурги молӣ гардид.  Аз таърихи гузашта сабақ омӯзем ва дар вазъияти сиёсии замони имрӯз, ки торафт рақобати байни давлатҳои абарқудрат шадидтар мегардад, якпорчагии кишвар ва суботу амнияти онро ҳифз намоем. Чуноне ки дар ин иртибот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Дар шароити торафт мураккабу печида гардидани авзои сиёсии ҷаҳон зарур аст, ки ҳар яки мо ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагардем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, сарзамини аҷдодии худро сидқан дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро содиқона ҳифзу эҳтиёт кунем ва саъю талоши фарзандонаи худро барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дареғ надорем».

         Пас, моро мебояд, ки барои ҳифзи суботу оромӣ, якпорчагии кишвар ва боло бардошатни обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш талош намоем ва камтарин ҳиссаи хешро баҳри ободиву пешрафти Ватани азизамон гузорем.

 Тошхӯҷаева Муҳайё, устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика