Ба душман барад устуворӣ мабод,

                             Ки душман дарахтест талх аз ниҳод...

     Бале, душман дарахтест, ки  талх ва мевааш низ талх хоҳад буд. Инро дар мисоли хоинони миллат мегӯем. Дарахти талхро решакан бояд кард. Ҳофиз ҳам фармуда:

               Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад...

     Эй мардуми сарбаланди тоҷик, биёед, ҳама якҷоя боз ҳам иттифоқтар шавему негузорем, ки душманони миллат  ҷавонони моро гумроҳ намоянд. Нисбати Ватани азизамон Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон бадгӯиҳо намоянд.

     Эй хоинони миллат, ин қадар ҳам худро доно ва беайб мегиреду ҳамеша санги маломат бар сари миллати мо мезанед. Худ бигӯед, ки дар куҷо ва кай бадӣ ғалаба кардааст?  Ҳамеша ва ҳама вақт некӣ пирӯз ва ҷовидон аст. Бас  аст фитнаангезиву хиёнаткорӣ ва тухми бадӣ коштан. Ба дилатон назад дур аз Ватан ғуломи хоҷагони зархарид будан. Чӣ қадар ба сари миллати  тоҷик солҳои 1992 ғаму андуҳ овардед. Гуноҳҳои бисёр содир намудед. Филми “Хиёнат” ба насли имрӯза низ амалҳои ваҳшиёнаатонро фош намуд. Ба ҷойи аз қабати нохун чирк кофтану туҳмат кардан дар умри боқимондаатон ақалан тавба ба даргоҳи Худованд кунед, ободкорӣ, накӯкорӣ кунед.

 

Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд