Ояндаи насли наврас дар дасти омӯзгорону ҷомеа аст. Имрӯз моро зарур аст, ки барои ҳаёти осудаву осоишта фазои солим ва пешрафти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангию мадании ҷомеа ҷонибдори суханрониҳои Президенти кишвар бошем. Ба завқи ҳар як шогирд таъсиррасонем, ки ба расму русум ва анъанаҳои миллӣ муносибати некбинона дошта бошад. Зеро яке аз масъалаҳои муҳиме, ки аз тарафи Пешвои миллат ироа карда шуд ин риояи фарҳангимиллӣ аз ҷониби мардуми тоҷик мебошад. Дар ҳақиқат, солҳои охир бо таъсири шабакаҳои интернетӣ ва гурӯҳҳои алоҳида тарғиби сарулибоси ба фарҳанги мо бегона дар шаҳру ноҳияҳои кишвар миёни занон вусъат гирифта истодааст, ки бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллиии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира мегардонад. Ин гунна муносибати кӯркӯронаи баъзе афроди ҷомеа боиси изтироби ҳукумати ҷумҳурӣ ва аҳли хирад қарор гирифтааст.

Аз таърихи хеле қадимаи бостониву тамаддунсози мо маълум мешавад, ки халқи тоҷик ойину анъана ва маросиму ҷашнҳои қадимае дорад, ки қисми зиёдашон дар тӯли таърих ҷойгоҳу арзиши худро гум накарда, то замони мо ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ омода расидаанд.

Занҳои тоҷик дар ҳар давру замон оқилу доно ва дурандеш буданд. Имрӯз низ занону духтарони моро зарур аст, ки бо ақлу хиради воло давомдиҳандаи анъанаҳои неки ниёгонамон бошанд.

Дар интихоби либос ба ҳар гунна анъанаҳои барои зани тоҷик бегона роҳ надиҳанд. Пӯшидани ҳиҷобу либосҳои тира аз наздикӣ вашинохти Худованд дарак намедиҳад. Чӣ тавре ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон зикр намудаанд: «Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сарулибоси сатру ҳиҷобу сала ва риш».

    Аз ин рӯ, ақли солимро зарур аст, ки бо ҳамагуна муносибатҳои номатлуби замона нисбати анъанаҳои миллӣ мубориза барад.

      Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд