Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ шинохта шудааст ва ин амал аз ҳар як шаҳрванди соҳибҳуқуқи кишвар тақозо менамояд, ки сатҳи маърифат ва фарҳанги сиёсии худро афзун намоянд. Дар воқеъ, имрӯз маърифати сиёсии шаҳрвандон боло рафтааст, ки инро мо дар хаёти харруза аллакай мушоҳида карда истодаем.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро лозим аст, ки ҷонибдории давлатдории демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи худ бошанд, барои ҷомаи амал пӯшидаи орзуҳои ҳазорсолаи миллат ва рӯй ба инкишофу пешравӣ овардани Ватани азизамон, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, бо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгарон ва радикалии динӣ муборизаи беамони худро эълон доранд.

Намояндагони наҳзатӣ бо ҳар роҳу усуле, то тавониста истодаанд, миллати моро танқиду тақлиди бардурӯғ намуда, дар расонаҳои ахборотӣ шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳар тариқа хабарҳои бемаъниву бемӯҳтаворо паҳн карда истодаанд. Мусаллам аст, ки пас аз мамнӯъ гаштани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар кишвари мо аъзоён ва тарафдорони он, аксар чун қавми тӯдагурези босмачӣ аз Кабирӣ оғоз то дигар шогирдони «сухандону сиёсатшиносу кордонаш» дар кадом мамлакатҳои ғарб парешону бесарпаноҳ гаштаанд. Имрӯз онҳо дарбадару худ гумроҳанд, ин танқиду тақлиди беасоси мухолифон аз ночориву ноилоҷист. Аз ин пас муқтазои ин беимонон ҳамин аст, лагандбардору фармонбардорӣ беимонон гардидаанд.

Кабирӣ имрӯз як – як шогирдонашро сӯи минбари худсохташон фурӯ андохта ба онҳо сухан ёд дода истодааст. Кӣ медонад, ки пас аз ба анҷом расидани ҳадафаш ҳоли ун нафарон чӣ хоҳад шуд? Ё аз ҷаҳолати номардии наҳзатиҳо ба қатл мерасад, ё зиндагии он фиребхӯрадагони бечора ҳайвонвор мегузарад. Кабирӣ ба ин дурӯғу васвасаҳои бемаънои худ ва ҳамқадаҳонат хотима деҳ, то чакрае аз дараҷаи инсониятат осор монад ва агар ин корро карда натавонистӣ, пас бидон, ки ин ҳаёту зиндагӣ аз они ту нест, зеро хиёнати ватан худ туро беватан кардааст. Агар нону намаки Ватан мехостӣ, онро пос медоштӣ, арзишҳои он ва ахлоқатро гироми медоштӣ.

Замоне, ҳатто то кунун нияти нопоки худро бо мардуми худ бо миллати худ амали карданӣ ҳастӣ. Пас масъалаи роғунсозии ту аз куҷо буромад? Бовар кунед, вақтҳои охир дурӯғу муболиғоти ин наҳзатиҳо касро дилбазан кардааст. Ба фикратон агар шумо ҳар чи хоҳед амалӣ мешавад? Вале донед, ки ин танҳо хаёлпарастист. Хаёлпарастии наҳзатиҳо асту бас. Зеро то кай худхоҳиву худписандӣ, то кай гапи ин наҳзатиҳо гапу гуфтаҳояшон амалишаванда. Он рӯзҳо гузашту рафт, нияти фаъолият медоштед, инсонвор бояд кор мекардед, на ин ки мардумонро илми ҷангу ҷидол ва силоҳбадастиро медодед.

Мо бояд Тоҷикистонро озод аз ҳама гуна равияҳои тундгароии динӣ эълон дошта, дар паноҳи рӯҳи бузурги гузаштагони миллат ва арзишҳои таҳаммулгарое, ки аз онҳо боқӣ мондаанд, барои ободию шукуфоии ин сарзамин кору пайкор намоем.

Раҳмонова Ҷамилахон Абдуҳамидовна,

омӯзгори калони кафедраи Кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология