Тавре ба мо маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ аз оғози ташкилёбии худ моҳи декабри соли 1991 бо мақсади ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекард. Ҷоиз ба қайд аст, ки яке аз мақсадҳои асосии ин ҳизб пеш аз ҳама, сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, нотинҷ кардани вазъияти кишвар ва ба сари қудрат омадан буд. Ҳамин тарзи фаъолияти ҳизб буд, ки бо сабаби мазкур дар замони ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти ин азҳоб баста шуд.

Бояд тазаккур дод, ки аъзои ҳизб ва раёсати он дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд, ки барои пешрафту ободии кишвар, якпорчагии миллати тоҷик, фаъолияти ҳамаҷонибаи созандагии худро баҳри гулгулшукуфоии диёр ҳамчун ҳизби сиёсӣ равона мекард. Аммо ин кӯрдилону носипосон ба ивази шукри миллати озоду обод, арзишҳои миллатро зарба заданд ва дастовардҳои онро нодида гирифтанд. Масъалаҳои ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи ин ҳизб қарор мегирифт. Аммо, мутаассифона, солҳои охир масъулони он фаъолияти зидди конститутсиониро пеша карданд ва шумораи зиёди ҷиноятҳои хусусияти сиёсӣ, террористию экстремистидошта содир намуданд. Гузашта аз ин амлаҳои ифротии хеш тасмиим кардаанд, ки бо ҷамъи ҷонибдорони худ аз кишварҳои ғарб истода, тазоҳуроту гирдиҳамоии харарктери ифротӣ доштаро ташкил мекунанд. Ин нобакорҳо гумон мекунанд, ки мо, мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин дасисаҳои наҳзатиҳо ба ҳарос меафтем. Бояд қайд кард, ки ин васвасаҳои шайтонии худро наҳзатиҳо минбаъд дар хоб мебинанд.

Муаммои пайвасати навбатиашон, ҷиҳати либоспушии занону духтаронро дар бар гирифтааст. Ин мавзӯъро бошад, чанде аз коршиносону ҳуқуқдонҳои наҳзатпарастҳо тавре ҷилавгирӣ намудаанд, ки тарафдори либоспӯшии кишвари Эронанд. Ва ба андешаи ин «исломгароён» ҳамсари он зане, ки бе ҳиҷобу рӯисарианд, номардтарини дунёст. Маврид ба зикр аст, солҳои охир аъзоёни ин ҳизб дар байни аҳолӣ бо чунин андешаҳои ғаразнок ва ифротии худ кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолият ба роҳ гузошта шудани демократисозии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, барои ташкил ёфтан ва рушди ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳою созмонҳои мухталиф давлат шароити мусоид эҷод намуд. Аз ин вазъият истифода намуда, соҳибмансабони ҲНИ барои мақсадҳои шахсияшон муқобили манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ баромаданд. Ва то кунун ба муқобили давлати соҳибистиқлол муборизаи бемаъно карда, манфиатҳои худ ва хоҷагони хориҷиро аз қонуниятҳои давлати боло бардоштанд.

Солҳои тӯлонӣ ва то имрӯз намояндагони ин ҳизб ба ҷойи ватандӯстию миллатпарастӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон таассубро талқин мекунанд, барои «ҷиҳоду шаҳодат» тарғиби либосҳои бегона дар намуди ҳиҷобу рӯисарӣ, ки ба назари ин нохалафон либоси занони мусалмон гӯё ҳамин бошад, кор мебурданд, супоришҳои хоҷаҳои хориҷии худро иҷро мекарданд. Як решаи дигари хиёнаткориҳои роҳбарият ва аъзоёни ин ҳизб дар он аст, ки онҳо ҷавонони роҳгумзадаи тоҷикро гӯё барои таҳсил ба таълимгоҳҳои кишварҳои исломии хориҷа мефиристоданд ва аксарияти онҳо имрӯз дар сафи гурӯҳу ташкилотҳои террористии Ироқу Сурия, Афғонистону Покистон мебошанд. Дар қатори оннҳо имрӯз оилаашон низ тибқи андешаҳои ин наҳзатиҳои беимон фаъолият мекунанд.

Мо медонем, ки ҳоло низ дар хориҷи мамлакат доираҳои сиёсӣ, экстремистӣ, ташкилот ва мақомотҳои қудратманде ҳастанд, ки нооромии вазъи дохилии кишвари моро хоҳонанд ва аз ин манфиатдоранд. Онҳо мақсад доранд вазъи Тоҷикистонро бо вазъияти кунунии Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳои ноороми исломӣ табдил диҳанд ва дар сарзамини тоҷикон фазои террористӣ, зӯроварӣ, экстремистиро ташкил намоянд.

Дар хулоса гуфтаниам, ки гарчанде сабабгори чандин нооромии вазъи кишвар ин наҳзатиҳо бошанд ҳам, мо набояд он рӯзҳои сахтро фаромӯш кунем ва нисбати он нафароне, ки ба дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷии худ, ки мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд, бояд сахт нафрат дошта бошем ва бар зидди онҳо муборизаи беамонро ба роҳ монем.

Абдусамад Назаров, устоди кафедраи барномарезӣ ва низомҳои технологӣ