Аз баромади навбатии роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ дар конфронси навбатии САҲА дар Варшава бармеояд, ки ин навбат баромади назҳатиҳо тавре ҷарарён гирифтаст, ки онҳоро дубора миёни мардуми олам шарманда сохтааст. Зеро Кабирӣ ва намояндагони назҳатиаш идао кардаанд, ки онҳо давомдиҳандаи босмачиёни асри бистум шуда, амалиётҳои зиддидавлатии худро давом медиҳанд. Дар ҳамин ҳошия посух ба ин мактуби Кабирӣ навиштаи чанде аз муаллифонро мутолиа намудам, ки барҳақ навиштаанд: «Босмачӣ шояд то Аврупо равад вале аврупоӣ нашавад». Дар ҳақиқат имрӯз тамоми олам тарафдори сулҳу суботи воқеӣ ва тинҷиву оромист. Кабирӣ шояд бо ҳамон «ақлу хиради волояш» миёни ин қадар намояндогон, иштирокдорони конфронс чунин маърӯза сохт, ки ӯ босмачӣ аст ва ҳамин хел мемонад. Ӯ фикр кард, ки бо хислати босмачӣ буданаш ҳузури иштирокдорони конфронсро ба таҳлука меорад ва ҳама бо тарс ӯро гӯш мекунанд. Ӯ чи фикру ақида дошт, маълум нест. Ва муҳимаш он, ки дар конфронс нафарони бомаданият ва бошахсият ҳузур доштанд, ки баромади пучу бемӯҳтавои назҳатиҳоро  рад намуданд. Баромади бо «заҳматҳои беандоза» омода сохтаи Кабирӣ ҳатто ба анҷом норасида, масъулини конфронс маҷбур гардид, ба баромадаш хотима бахшад ва ба обрӯи ӯ шармандагӣ зам намояд.

Ин ҳама шармандагиҳо шояд алам кардааст, ки имрӯз чашми ҳасуд бар корнамоии Пешвои миллат зада, кори эшонро нодида гирифтааст. Камбудӣ ҷустааст, то мардум нисбати Ҳукумати кишвар нобоварӣ намоянд. Магар ҳамин аст, камбудии ёфтаи назҳатиҳо, ки мулоқоти Президенти кишвар буду роҳ бандӣ шуд ва Санавбар Раҷабов вафот кард. Хандаам омад, зеро вақте умри инсон ба анҷом мерасад, касе сабаби зинда мондани ӯ шуда наметавонад, ба ҷуз Холиқи-якто. Ман аз чунин ғамхориҳое, ки Сарвари давлат ба мо мардуми тоҷик нисор мекунанд ба хулоса меоям ва итминони комил дорам, ки агар  ин давоми умри Санавбар Раҷабови 61-сола дар дасти Пешвои миллат мебуд, ба хотири хурсандии мардум ин корро низ анҷом медоданд. Тавре, ки барои барқарор намудани Ваҳдати миллӣ борҳо ҷони хешро дар хатар гузошта буданд.

Ин назҳатиҳо худ шайтонсифатон ҳастанд ва аз ночори санги маломатро бо шайтонгӯиҳо ба сари Пешвои миллат ва С. Ятимов мезананд. Ин шайтонкориҳои Шумо набуд, ки дар миллати мо ҳар лаҳза дасисаҳои нав ба миён оардед. Ин шайтонсифатон Шумо набудед, ки оташи хомӯшгаштаро пуф кардан хостед. Ва ин шайтонбашарон Шумо ҳастед, чуни ҷавонони моро гумроҳ сохта, мутеи гурӯҳҳои иртиҷои намуда, ҷони ҷавонашонро ба ящмо бурдед.

 Дар асл ба ҳамин Кабириву кабириён менигараму барояшон ҳар нафаси гирифтаашонро ҳайф медонам, зеро ба он нафароне, ки зиёнкоранд умуман дар ин дунё барояшон ҳаққи зиндагӣ нест, ҳол он ки онҳо то имрӯз марзи хоки поки муқаддаси моро меҳан мехонанд. Чаро ин истиқлолро чашми дидан надоред? Маълум аст, ки хубӣ бароятон хушоянд несту пардаи чашми шуморо хуни дар замин яксон шудаи одамони  бегуноҳ пӯшонидааст. Медонам ин одат аст, барои шумо акнун, ки ҳар дақиқа ба қатлу куштор даст занед. Ва маҳз барои ҳамин ҳам ин сарзамин ҷои ифротиён нест. Ин ҷо сулҳу салоҳ ҳукмфармоӣ дорад ва ба мо мардуми саодатманди диёр ҳама чизро дод, ки муҳимтарини он ба он дасисаҳои бемаънии хиёнаткорон нуқтаи ҳамешагӣ гузошт, то мардум дар фазои озоди истиқлоол нафаси озод кашад. Зиндагии шоиста ба сар бурда аз миллату аз авлоди худ ифтихор намояд.

Наим Рашидов, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, устоди кафедраи химия ва технологияи хӯрока