Одамӣ одам набинад, аз куҷо одам шавад,

Шамъ агар оташ набинад, аз куҷо равшан шавад.

 Оре, ҳақ бар ҷониби шоир, ки басо маънавӣ эҷод карда. Миллати тоҷик дар гузаштаи худ, дар таърихи мутамаддини худ номи ҷасоратмандону ватандӯстон ва абармардони роҳи наҷоти миллатро ҳеҷ гоҳ зи хотирҳо зудуда нахоҳад кард. Зеро насли имрӯз бояд аз онҳое, ки ин қадар қаҳрамониҳо нишон додаву барои аз ватари ҳалокат наҷот додани Ватан ҷоннисори кардаанд, боиси ибрату омӯзиш аст, эшон бояд таҷриба гиранд.

Хушбахтиовар он аст, ки мо на танҳо дар гузашта сарсупурдаҳоро доштем, имрӯз миллати тоҷдори моро, халқи замоне азияткашидаи моро нафаре роҳбарӣ мекунад, ки ба хотири манфиатҳои миллӣ ва мардумони халқ борҳо ҷони хешро дар хатар гузошта. Ба хотири ба имзо расонидани оштии миллӣ ва истиқрори сулҳ талоши зиёд карда. Дар ниҳоят ҳамаи арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашариро ба даст оварда. Барои мардум зиндагаии босаодатро муҳайё сохтааст. Тавре аз паёму баромадҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз мекунанд, агар мо ватанамонро обод накунем, ҳеҷ гоҳ шаҳрвандони дигар миллат омада кишвари моро обод  нахоҳанд кард. Аз ин лиҳоз ҳар кадоми моро мебояд, ки одамигарии гузаштагонамонро дида ибрат омӯзем ва аз он ифтихорманд бошем. Мо ҳамон вақт рӯҳи онҳоеро, ки барои имрӯзи мо, имрӯзи дурахшони миллати мо талош намудаанд, шод гардонида метавонем, ки пеш аз ҳама ба миллати худ содиқ бошем. Онро дӯст дорем. Нагузорем, ки пои нохалафон оғӯштаи хоки муқаддаси он гардад. Иҷозат надиҳем, ки мухолифони миллат, ба кишвари мо бо зуҳури худ зарба зананд. Ватанро чун модар дониста, ба мисоли ҳамон гузаштагону  имрӯзиёне, ки ба хотири пойдории фазои ободу озоди диёрамон саҳм мегиранд, мо низ талош варзем ва иродаи қавиву матонату ҷасоратмандӣ ва меҳанрастии эшонро ба худ таҷриба намуда, диёрамонро обод кунем. Ва  барои насли оянда аз худ нишоне боқӣ гузорем, ки мо аҷдодони ашхосони Ватандӯст ҳастем ва чунин як масъулияти баландро аз бобоёни шуҷои хеш омӯхтаем.

Барои ҳамаи ҷавононе, ки ояндаи миллат дар дасти мову Шумост, тавсия медодам, ки боре саҳфаҳо ва сатрҳои сеҳрофарини таърихи миллатро варақгардон намоед. Он вақт хоҳед фаҳмид, ки замоне миллат ва мардум дар чи ҳолат буданду имрӯз дар кадом ҳолат. Дар баъзе маврид, ақидаи бархеҳо   моро ба ташвиш меандозад, зеро ношукриву носипосии онҳо то ба ҳаддест, ки ҳатто аз ҳасуд бошад ё ҳаваси пули моли бегонагон, хориҷиён шуда, нону намаки хони миллати худро пушти по мезанад. Андак пули ночизе, ки ҳоло онҳо дар ваъда аст, ҳушу гӯши ин нохалафону хиёнаткоронро парда пӯшонидааст, ки ба ҷуз молу чиз дар пеши назари онҳо дигар ягон чиз аҳамият надорад. Аммо рӯзе ин курнамакиҳо чашми онҳоро, ки ҳоло кӯри адоват аст, мешавад рӯзе, ки  кӯри ҳақиқат мекунад.

Мо ифтихорманд ва уммедвор аз онем, ки шӯълаҳои шамъи гузаштагонамон ба рағми душманони миллат, имрӯзи мо ва ояндаи моро дурахшонтару муҷаллотар хоҳад кард. Мо ҷавонон аз таърих медонем ва омӯхтаем, ки миллати тоҷик дар гузашта киҳо буданд ва имрӯз киҳоянд. Албатта мо бо мардумони шарафманди диёрамон фахр мекунем ва барои гиромидоштӣ ному нишони онҳо ҳамеша талош хоҳем варзид.

Мо диёру ҳам ватанро,  бо меҳр обод хоҳем кард,

Кохи сулҳу ваҳдаташро бо дилу бо ҷон бунёд хоҳем кард.

Ба номи ватан зи номи ҷони худ, савганд хоҳем хӯрд,

Зи дасти душманону хоинон озод хоҳем кард.

Ҳамидова Н.Ш.- н.и.ф., устоди кафедраи  забонҳои хориҷии ДПДТТ