Давлати соҳибистиқлоли тоҷик, диёри ҳамешасабзи мо, макони сулҳу оромӣ, миллати бофарҳанг, меҳнати софдилона ва хизмати беминнат нисбат ба Ватан мебошад. Ин маконест, ки на танҳо аҳолии маҳаллаи ҷумҳурии мо, балки одамони  бурунмарзӣ, ки бо сабабҳои гуногун дар дигар давлатҳо иқомат менамоянд ё ин ки кор мекунанд аз роҳбари давлати худ аз Пешвои муаззами миллати тоҷик мефахранду меболанд. Онҳо боварии комил доранд, ки таи солҳои охир бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллати Тоҷикистон ватани азизи мо боз ҳам гул-гул шукуфта истодааст.

Бадбахтона бархе аз кӯрдилону носипосон сарфи назар аз ин неъматҳо аз ин ҳаёти хушу хурраму озоди мардуми мо, ҳар гуна амалҳои нангин ва ифротиро анҷом медиҳанд. Нахзатиҳои кӯрнамак, ки худ ба қадри ин мустақилият ва ваҳдати миллии кишвари моро нодида гирифта бо ҳар гуна дасисабозиҳо миёни мардуми миллат шӯру иғво ангехта истодаанд.

Вале хушбахтиовар он аст, ки мардуми босаодати миллати мо бо якдиливу якзабони дар пайравии Пешвои миллат барои пешравии миллати азизамон талош меварзанд. Ин аст, натиҷаи муттаҳидии мардуми кишвар, ки ҳадафҳои нопоки мухолифон ҳамеша барбод рафтаву бесамар мемонад. Зеро халқи тоҷик бо якдиливу якзабонӣ алайҳи ин наҳзатиҳое, ки имрӯз паи милати мо ҳар гуна ахбороти дурӯғу пур аз воҳимаро паҳн карда, ба ақидаи мардум таъсир расониданӣ мешаванд. Ин амал баръакси ҳолат худи онҳоро ба кӯи навмедӣ бурда истодааст. Зеро миллате, ки мардумони он бохираду боақл бошанд, намегузоранд, ки онро ба мисоли Кабирӣ барин номардони замон ба арсаи нестшавӣ баранд.

Гузаштаи миллати тоҷикро аҷдодони боҷасорату боматонатамон сохта ба мо мерос гузоштанд, мо мардуми шарафманди кишвар дар пайравии Пешвои миллатамон имрӯзро бунёд сохтем. Ва мақсад дорем, ки худро барои ояндагон ҳамчун меросхӯрон тоҷвар ва ба ору номус нишон дода, барояшон фардои дурахшону ободро аз худ боқӣ гузорем, то наслҳои оянда доннанд, ки ҳар кадоми мо ворисони арзандаи абармардони шуҷоъву далер, мардумони сарбаланду ватанпарвар ҳастем. Ва ба хотири пойдории сулҳу амнияти кишварамон талош намуда, ба решаи ин ҷинояткорону хиёнаткорон бо маданияту бо заковати азалии хеш теша хоҳем зад, то дарахти аз ғаразу кина пур гаштаашон бебору беҳосил монад.

Мо, мардумони диёр хосатан ҷавонони хушиқболи замони истиқлол фахр аз он дорем, ки миллати мо соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ифтихор аз он дорем, ки сарваре дар болои сари хеш дорем, ки дурандешу ояндабин ва бениҳоят хирадманд аст. Аз ин ҷост, ки сиёсати сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳури бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ифротгароёнро мегирад. Азбаски халқи Тоҷикистон нисбат ба сарвари оқили худ меҳру муҳаббати беандоза дорад, ин ғояҳои вайронкорона ҳоло дар ибтидои сабзиш решакан мешаванд.

Акбаров Амон Акбарович,

устоди кафедраи математикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд