Тамоми мардуми рӯи олам эътироф мекуннанд, ки ҳар миллате роҳи сулҳу дӯстиро пеша кард муваффа ку комеб гаштааст. Дустиву хамкории мамлакатхо аз азал барои рушду такомул ёфтани хар ду чониб  заминаи мусоид мегузорад. Мо ва миллати ниёгонпарасту тамаддунофарро дар тамоми олам ҳамчун як кишвари дорои мустақилияти давлати эътироф мекунанд, зеро давлати мо дар тӯли начандолн бисёри соҳибиистиқлолии худ тавонист, ки ба беҳтарину муҳимтарин дастовардҳои маънавию сиёсию фарҳанги шарафёб гардид.

Хушбахтона имрӯз мардумони ваҳдатшиор аз Ватани тинҷу ороми худ шукргузоранд. Ба он хотир, ки имрӯзҳо ҳама шоҳиди воқеаҳои рухдода истода дар кишварҳои ҷангзада мешаванду, аз суботи ҷомеаи худ фахр мекуннад. Моро маҳз ҳамин пурсабрию шукргузори дар вақти мубориза бо ҷангҷӯёну хоинон ба ғолибият расонд. Зеро Худо бо собирон аст ва пурсабронро ҳамаша ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Албатта марудми шараифи точик маҳз бо хости Худо ва талошҳои пайгиронаи давлату Ҳукумат то кунун барои эъмори давлати соҳибтамаддун саъю талош меварзад.

Хеле мехостам, ки ҳамаи шаҳрвандони кишварамон дар дилу дидаҳояшон танҳо меҳри Ватану ватндориро ҷо мекарданд.  Имрӯз давлату ҳукумати кишварамон барои беҳбудии марудмон бедареғи вақту сонияҳо кору фаъолият бурда истодааст. Сарвари давлат ҳамеша бо меҳрубонию дастгириҳо ҳамдаму ҳамрози марудм ҳастанд, зеро ин сарвари фархунда намехоҳад, ки миёни марудми мо фитнагарон ҷойгоҳи холиро мушоҳида карда, ақидаҳои пасти худро ҷорӣ намоянд. Ягона ҳадафи давлат имрӯз танҳо беҳтаргардонии сатҳу шароити мардуми кишварамон аст. Ба ҳамин хотир бисёр мавриди буд, ки ҳама якдилонаву якзабонона ба хотири ҷовидонию некномӣ заҳмати софдилона карда бошем.

Дар ҳақиқат ва дар ҳама давру замон давлату миллат ба нерӯи зеҳнӣ, зиракии сиёсии шаҳрвандонаш хело ниёз дошт, зеро агар ҳамаи мо мардумони огоҳу хештаншинос бошем, касе заиф намепиндорад. Вагарна як амали ноҷи мо як сухани бемавриди мо оиди шарти зиндагонаимон, бечораҳоли намудани мо барои эшон василаи ҷудоиандозиву марудмфиребӣ мегардад. наметавонад

         Ҳамаи он сиёҳдилоне, ки дар фикри нобуд кардани сохтори давлатдории мо ҳастанд гуфтаниам, ки миллати тоҷик барои шуумобарин кӯрдилон дарвоза боз наҳоҳад кард. Оне, ки қадри Ватанро намедонад, ҳайфо ки зинда аст. Вале чунин зиндаҳоро ҳеҷ гоҳ ба қадри як инсон нашинохтанд. Чун хиёнаткору хоин лоиқу арзандаи номи инсони нек нест.       

Раҳимҷон Зокиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд