Бадахшони куҳӣ, яке аз зеботарин, дилработарин мавзеъест, ки бо мардуми бофарҳангу меҳмоннавозаш бо қуллаҳои осмонбӯс, лаълу гуҳару ёқути бемислаш машҳури оламиён гаштааст.Бадахшони куҳӣ қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми сарбаланди тоҷик буду мемонад…

Таи чанд рӯзҳои охир воқеъаҳои нанговаре, ки дар Бадахшон рух додааст, халқи тоҷикро бетараф гузошта наметавонад. Яке аз чунин ҳодисаи рух дода, ин ҳам безарар гардонидани яке аз лидерҳои ҷиноятпешаи муташакил, бо номи Маҳмадбоқири Маҳмадбоқир мебошад.

Маҳмадбоқир ки буд? Ӯ ба ном лидери ҷиноятпешаи худхондае буд, ки ба қонун ва мизони давлату ҳукумат зиддият нишон дода худро ҳақиқатхоҳ ва ватанпарвар меҳисобид. Дар асл донишу малакаи зиёде надошта, даст ба беназмию нооромӣ ва парокандагии мардуми осоишта зада, ба раванди сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол халалҳо ворид сохтани мешуд. Ҳарчанд қонун борҳо нисбати роҳи хатои пешгирифтааш таъкидҳо карда бошад ҳам, сарфарори накарда зиддиятҳо нишон медод…

Оқибат ин лидери ғайрирасмӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, дар натиҷаи муноқишаи байниҳамдигарии дохилии гуруҳҳои ҷиноятпеша ба қатл расонида шуд. Чуноне дида истодаем, имрӯзҳо бархе аз нохалафони миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд айбро гардани давлату ҳукумат бор кунанд.

Аммо бо боварии қотеъона метавон гуфт, ки ҳадафи навбатии хиёнаткорон ҷомаи амал напушид!

Мардуми бофарҳангу боиродаи ВМКБ чун дигар ҳамватанони азизи хеш ба ҳар гуна дасисаҳо дода нашуда хулосаҳои зарурии хешро бароварда, таҳти сиёсати хирадмандонаи қаҳрамони миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шукуфоӣ ва дурахшонии фардои халқи тоҷик ҳиссагузориҳо хоҳанд кард.

Нусратхон Ахмедова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд