Муҳимтарин вазифаи шаҳрванди ва қарзи фарзандии ҳар як сокини баору номуси мллат, бахусус наврасону ҷавонон дар он аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқидилона дӯст дорад, хизмат дар онро пешаи асосии хеш шуморад ва онро чун гавҳараки чашм аз ҳамаи оризаҳои нопок эмин дорад. Рисолати имрӯзаи ҳар як насли ҷавону худогоҳ низ маҳз ҳамин аст, ки барои ояндаи миллати соҳибистиқлоли мо беаҳамияти ззоҳир накунанд.

Мо, насли ҷавон, ояндагони дурахшони Тоҷикистон бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи ин миллати фарҳангиву сулҳпарвар, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва бобоёни ободгару созандагони имрӯзи босаодати худ, сабақи мардонагӣ гирем. Ва ба Ватани биҳиштосоямон, миллати куҳанбунёд, ба хотири гузаштагони куҳанҷасорат хидматҳои хешро дареғ надорем. Танҳо ҳамин тадбир метавонад, ба миллати тоҷик хушбахтиҳои беш аз имрӯзаро муҳайё созад.

Барои роҳандозӣ намудани тадбирҳои пешгирӣ аз ҳар гуна хатару таҳдидҳое, ки аз ҷониби ҷиноятпешагон нисбати амнияти мардум ба кор меояд, қабл аз ҳама саҳми кормандони амният, Вазорату раёсатҳои корҳои дохилӣ ва дигар мақомотҳо аз ҳама болотар аст. Вале бояд зикр кард, ки агар дар қатори намояндагони ин мақомотҳо, шаҳрвандони кишвар низ ба ин амалҳои ҷиноятпешагон таъсир нарасонанд, танҳо бо қувваи кормандони мақомот рафъи ин гуна амалиётҳо мушкилтар аст.

Масаллам аст, ки моҳе пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дода буданд. Бояд зикр кард, ки дар вилояти мазкур таи солҳои охир сафи ҷиноятпешагон меафзояд. Инро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто тавассути оинаи нилгун низ мебинем, ки ин ҷинояткорон дар хонаҳои истиқоматии хеш ба корҳои ғайриқонунӣ машғуланд.  Ин амали онҳо таҳдиди рӯи рост нисбати амнияти миллии мардумони кишвар буда, аз ин вазъият кайҳост, ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Сарвари дурандешаш изҳори нигаронӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо фаъолони вилояти мазкур аз ҷумла кормандони Кумитҳаи амнияти миллӣ, Раёсати корҳои дохилӣ, Прокуратура ва дигар намояндагони мақомотҳои ҳокимияти давлатии вилояти Бадахшон бори дигар ин вазъияти нигаронкунанда ва камбудиҳои дар он вилоят ҷойдоштаро матраҳ сохтанд. Пешвои миллат иброз намуданд, ки теъдоди зиёди гурӯҳҳои муташаккили ҷинояпешагонро мардумони минтақаи Хоруғ, Роштқалъ ва Рӯшон ташкил медиҳанд ва дар фарҷоми мулоқот ба мақомотҳои дахлдор ва мардумони баору номуси вилоят дастуру супориш доданд, ки ҳар чи бештар дар бартараф намудлани ин ҷиноятҳо нуқтаи ҳамешагӣ гузоранд. Зеро беаҳамияти нисбати ин афродони ҷинояткор ба амнияти мардумон ва ваҳдати миллии мо хатари ҷиддиро ба бор меорад.

Ҳамин тариқ, фаъолияти якмоҳаи дастургирифтагон натиҷагири карда шуд, ки эшон бо маҳорати баланди кордонӣ ва масъулияти беш барои бартараф намудани ин камбудиҳо камар баста, ба нишондиҳандаи назарраси ноил гаштанд. Эшон дар натиҷаи амалиётҳои оперативӣ- ҷустуҷӯи ҷиноятпешагон ва саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдураҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Крамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалмонович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунавар Наврӯзбекович ва дигар сокинони алоҳидаи ноҳияҳои вилоятро бо ҷинояти ташкил ва ба ин тариқ муташанниҷ гардонии миллат бо воситаи тайёри ба ҷангу ҷидол, пинҳон намудани силоҳҳои гуногун ва маводи тарканда, дар умум 201 адад силоҳи оташфишон ва 960 грамм маводи тарканда дастгир намуда, ин лавозимотҳои ҷангиро мусодира сохтанд.

Санаи 22 – октябри соли ҷорӣ ҳамаи ин саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткоронро ба Прокуратура даъват намудаанд ва ба эшон низоми қотеиятро шинос намуданд, ки ин ҷинояткорон ба ин санади меъёри ҳуқуқи имзои хешро гузаштанд ва савганд ёд намуданд, ки дар асоси ҳамин санади қотеият қатъиян ба ҷиноят даст намезананд. Ва минбаъд барои ислоҳ намудани ҷиноятҳои хеш саҳм гирифта, ҳамаи қонуни қоидаҳои кишварро сари вақт ва бечинну чаро риоя месозанд.

Дар фарҷом умед бар он мебандам, ки рафтору кирдори ношоистаи чунин нафарон барои мардуми кишвар як сабақе мегардад, ки худ ва миллати азизи хешро аз ин ҷинояткорон эмин доранд. Аз ин савгандёдкардагон низ даъват ба амал меорам, ки сари ҳар лафзи додаи худ ҳамеша истодагарӣ намоед, зеро нишони мардонагӣ аз ҳамин иборат аст.

Косимова Малика,

устоди кафедраи иқтисолиёти соҳавии ДПДТТ,

омӯзгори калон