Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ як қисмати Тоҷикистони биҳиштосо маҳсуб шуда,  вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешрафти ин минтақа пайваста таҳти тавааҷуҳ ва назари хоссаи Сарвари давлат қарор дорад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин гӯшаи зебои диёр ба мушкилиҳои роҳу нақлиёт, камбудиву норасогиҳои нерӯи барқ, ғизо ва чандеи дигар мувоҷеҳ буд. Ҳоло вилоят ба сурати умум пеш рафта, коргоҳҳои калону хурди истеҳсолӣ барои таъмини хоҷагии халқи вилоят мусоидат намуда истодааст. Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо иродат ва ташаббуси беназири Роҳбари давлат нерӯгоҳи “Помир” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, махсусан дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои неку шоиста ба сомон дода шудааст. Коргоҳи истеҳсоли орд мушкилии мардумро дар самти дастраси ба маҳсулот ғалладонагӣ хеле осон намуд. Ҳоло дар тамоми фаслҳои сол равобит байни минтақаҳо фаъол гардида, дар фосилаи беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ даҳҳо мактабу марказҳои саломатӣ арзи ҳастӣ намуданд. Мактаби байналмилалии шаҳри Хоруғ дар минтақа назир надорад. Ҳоло даромади аҳолӣ дар қиёс ба солҳои пешин хеле зиёд гардида, музди миёнаи маоши кормандон дар қиёс ба минтақаҳои Суғду Хатлон баланд аст. Яъне музди миёнаи маоши кормандон 1700 сомониро ташкил медиҳад, ки назар ба даҳ соли пешин даҳ маротиба зиёд аст. Роҳбари давлат дар як сол на кам аз ду маротиба ба ин гӯшаи зебои диёр сафар карда, зимни мулоқоту вохӯриҳо самимият ва дӯстдории амиқи худро баён намудаанд ва Бадахшонро дарвозаи тиллоии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон кардаанд.

Акнун имрӯз вазъи ободии Бадахшони Кӯҳии Тоҷикистонро бубинему ҳолати ногувори Бадахшони Кӯҳии Ҷумҳурии Афғонистонро фарқ аз замин то осмон. Пас чӣ зарурат аст, ки боз ношукрӣ кунему роҳи бандизм ва зӯргӯиро пеша намоем. Анқариб наздик ба се моҳ аст, ки маркази маъмурии Бадахшони Кӯҳӣ ноором аст. Як гурӯҳи ҷиноятпеша, ки худро дар олами мафияу рекетҳо мебинанд, мехоҳанд, ки сар аз роҳбари вилоят, мақомоти қудратӣ ва дигар сохторҳо ба онҳо вобаста бошанд. Онҳо шеваи зӯргӯиро ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ чашида, мехоҳанд он рӯзҳоро  такрор кунанд. Яке аз “лидерон”-и ин гурӯҳ Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров мебошад, ки мехоҳад ҳама дар зери  зимоми ӯ бошад. Агар ду моҳ муқаддам онҳо ёрдачии Прокурори ноҳияро бо баҳонае  истинтоқ карда бошанд, ҳадафи навбатии онҳо ба сари сардори Раёсати маорифи вилоят Лутфулло Наврӯзов афтид. Азбаски Лутфулло Наврӯзов зодаи ноҳияи Ванҷ аст, Муҳаммадбоқир ӯро хуш надод. Ва аз ӯ талаби тарки вазифа намуд. Чун дид, ки истодагарӣ мекунад, ӯро зери мушту лагад гирифт. Ин ҳолат воқеан ҳам риққатангез аст, вақте корманди як ниҳоди давлатиро зӯргӯён зери мушту лагад гирад. Аммо Муҳаммадбоқир  бо гузашти чанд муддат ин итиҳомро ба гардан намегирад. Охир чь тавр ба гардан гирад, вацте сархуш муаллимро зери мушту лагад мегирад. Магар ин айб нест, ки як корманди соҳаи маорифро, ки барои фарзандонамон хизмат мекунад, чунин бераҳмона занад. Магар дар ин вазъияти душвори бархӯрди тамаддунҳо, ки аксаран ба хотири фардои насли имрӯз заҳмат мекашанд, чунин бадиро раво бинанд. Аҷибаш он, ки расонаҳои мустақили ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ амалкарди мақомоти ҳокимияти давлатии Бадахшонро зери тозиён гирифта, ин аблаҳи майхораро қаҳрамон метарошанд. Дар симои ӯ наҷоти Бадахшонро инъикос мекунанд, ки хатои маҳз аст. Маҳз чунин гурӯҳбозиҳо буд, ки мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо оқибатҳои нангини талафоти ҷониву молӣ паси сар намудем. Дигар мардуми сулҳхоҳи кишвар хосса Бадахшониҳо намехоҳанд, ки ҷанг шавад. Пас моро мебояд, ки сари як мақсад оем ва пеши роҳи номуназзамиҳоро бояд гирем.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд