Сиёсати сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ифротгароёнро мегиранд. Азбаски халқи Тоҷикистон нисбат ба сарвари оқили худ меҳру муҳаббати беандоза дорад, ин ғояҳои вайронкорона ҳоло дар ибтидои сабзиш решакан мешаванд.

Диёри ҳамешасабзи мо, макони сулҳу оромӣ, меҳнати софдилона ва хизмати беминнат нисбат ба Ватан мебошад. На танҳо аҳолии маҳаллаи ҷумҳурии мо, балки одамони  бурунмарзӣ, ки бо сабабҳои гуногун дар дигар давлатҳо мехонанд ё ин ки кор мекунанд, аз Роҳбари давлати худ мефахранду меболанд. Онҳо боварии комил доранд, ки солҳои наздик Тоҷикистони азизи боз ҳам гул-гул шукуфта истодааст.

Барои пешрафти ҷомеаи имрӯзаи мо ҷавонони оқилу доно, зираку ҳушёр, ватанпарвар, соҳибмаълумот, бо иродаи мустаҳкам, ба ватану кишвар содиқ  ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ тавонову пурқудрат лозиманд. Аз қадимулайём чунин ҷавононро бо роҳи имтиҳонкунӣ  ба сохторҳои  қудратии давлатӣ барои пешниҳод намудани вазифаҳои баланд  интихоб менамуданд. Навҷавонони боқуввату паҳлавон барои ҳимояи халқу ватан  чун обу оташ заруранд. Аз ин лиҳоз волидайн бо сари баланд, бо ифтихор фарзандонашонро барои хизмат ба сафи армия гусел менамуданд. То имрӯз ҷавонон аз ҷониби  ҳам волидайн ва ҳам устодон чун насли ояндасоз ҳаддалимкон  тарбияи хуб мегиранд.

Имрӯз бошад, дар ҷомеаи мо гурӯҳу, созмонҳое пайдо шудаанд, ки мо онро гурӯҳҳои иртиҷоӣ ном мегирем, зеро онҳо ба ҷуз ифротгароӣ, низоъандозӣ байни ҷомеа ва на танҳо ҷомеавайронкунӣ, инчунин одамвайронкунӣ чизи дигаре ба ҷамъият ато намекунанд. Идеологияи ифлосу бадхоҳи онҳо имрӯз ба нерӯи зеҳнии ҷавонони мо таъсири манфии худро мерасонад. Онҳо аз пайи ба доми фиреб кашидани насли наврас мебошанд.

Таи чанд соли охир тибқи расонаҳои хабарӣ ҳамагон воқиф гардида истодаанд, ки шаҳру навоҳиҳои вилояти Бадахшонро теъдоди зиёди ҷинояткорон ғасб кардаанд. Ин аст, ки ба хотири бартараф кардани сатҳи ҷинояткори ва ҷинояткорон дар ин вилоят ҳама чораҳои ботадбир андешида ва амалӣ намуданд, ки паи ин амалиёт чанде аз ҷинояткоронро боздошт ва лавозимотҳои эшонро мусодира намуданд.

Бино ба манбаъи хабарии Кумитаи амнияти милли Тоҷикистон, омори 9 – моҳои ҷиноятсодиркунандагон ба даст расид, ки таи 9 моҳи охир 456 ҷиноятро ошкор ва аксари онро пешгирӣ сохтаанд, ки 35 % нишондаҳанди кишварро инъикос менамояд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин нафарони нохалафро мардумони вилояти Бадахшон ташкил медиҳад. Зеро дар ин минтақа ҳамаи намуди ҷиноят аз қабили 26 ҷинояти махсусан вазнин яъне куштори одамон, 163 зӯровариву авбошии ноболиғон дар шаб, воридкунии маводҳои мухаддир, гирифтани силоҳи ғайриқонунӣ ба даст ва мисоли ин ҷиноятҳои вазнинро содир кардаанд.

Гуфта мешавад, ки аксари теъдоди ин ҷиноятҳо махсусан дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон ба вуқӯъ пайвастааст, ки аз ин 456 – ҷиноят, 342 – ҷинояткорон ба ин шаҳр тааллуқ дорад.

Гузашта аз ин яке аз роҳҳои воридшавии маводи мухаддир низ сарҳади ин вилоят буда, қочоқчиён бо истифода аз кадрҳои маҳаллии ин вилоят осону бемалол воридоти маводи мухаддирро то имрӯз роҳандозӣ мекарданд. Бояд тазаккур дод, ки ҷинояткорони ин вилоят сол то сол ншондиҳандаи баландро воридоти  маводи мухаддир нишон додааст. Бино ба гуфтаи мутахасссону коршиносон ҳар 10 – килограми он тани саломати 40 000 нафарро ба бемории вазнини ВНМО гирифтор мекардааст.

Дар умум то ин ки давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба вилояти Бадахшон таваҷҷӯҳашро қатъӣ ва беш аз пеш сохт, ҳамагӣ дар тӯли як моҳ тавонистанд, нафарони ватандӯсту дар кори хеш устувор ба натиҷаву нишондиҳандаҳои назаррас ноил гарданд. Самараи бардошти натиҷаи якмоҳаинаи кории Кумитаи амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои марбута, дар ин вилоят буд, ки якчанд нафари ҷинояткоронро дастгир намуданд. Эшон аз кори кардаи хеш изҳори пушаймони намуда, дар бинои Прокуратураи вилоят маросими савганди ҷинояткорони дастгиршуда расман баргузор гардид ва дар он қасам ёд карданд, ки ҳаёти минбаъдаи хешро танҳо ба нафъи ҷомеа ва татани хеш нисор хоҳанд кард.

Дар охир гуфтаниам, ки бо дастгир шудан ва бартараф намудани камбудиҳо якчанд муаммои ташвишовар ҳалли худро ёфт. Ҳамаи ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат танҳо барои он равона гардидааст, ки мардумони минтақаи Бадахшон низ меваҳои Истиқлолиятро ба маънои томаш чашанд.

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки Бадахшонро танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин тадбири дурбинонаи худ ба Бадахшони воқеи ба сарзамини зарзамини Бадахшон, ба минтақаи тамошобоби ҳазорон сайёҳон мубаддал сохтанд.

Фарҳод Бобокалонов,

номзади  илмҳои кишоварзӣ,

мудири шуъбаи таълими ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд