Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва муносибати давлат ба дин аҳамияти ҳамаҷониба зоҳир карда, ҷиҳати дуруст дарк кардани моҳияти онҳо тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намуда истодааст.

Ниҳодҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои илмиву пажӯҳишӣ кӯшиш доранд, ки дар атрофи ҳамин масъалаҳои актуалӣ назару андешаҳои мутахассисонро инъикос намоянд ва ба мардум моҳият ва асолати дин, робитаи он бо давлат ва таъсири диниро ба ҷомеа, инчунин, ҳифзи дину мазҳабро аз таъсирҳои манфӣ дар шароити муосир тавассути баргузор намудани конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва таҳияи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ шарҳ диҳанду воқеиятро ошкор намоянд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин масъалаҳо диққати махсус дода, гаштаву баргашта таъкид менамоянд, ки ба масъалаи низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар шароити муосир баҳо дода, ба заминаҳои шиддат гирифтани, ҷангҳои динӣ-мазҳабӣ мардумро хушдор месозанд, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти бардуруғ нашуда, дину мазҳаби худро бо ҳама арзишҳо нигоҳ доранд ва дар доираи санадҳои ба расмият шинохтаи кишвар эътиқоди динии худро воло дониста, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар мамлакат ҳифз намоянд.

Мураккаб будани вазъият дар он аст, кигурӯҳҳо тундрави гуногун арзишҳо ва муқаддасоти диниро барои барангехтани оташи кинаву адоват ва хушунату хунрезӣ истифода мебаранд.


Имрӯз тамоми мардуми сайёра шоҳиди шаклу намудҳои нангини куштору даҳшатафканиҳои гурӯҳҳои террористӣ дар қаламравӣ кишварҳои мусулмонӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон шуда истодаанд.

Бадхоҳони миллати тоҷик мардумро мехоҳанд бовар кунонанд, ки суханонашон ҳама аз рӯи адлу адолат аст, аммо дар аслбо роҳи фиреб ҳар гуна камбудиҳои ночизи ҷамъиятро чанд баробар зиёд карда, мехоҳанд, ки ҳукумати ҳозираро, ки поягузори сулҳу ваҳдат аст ва оромии мардумро таъмин мекунанд, ба чашми мардум гунаҳкор нишон диҳанд.

Чунончи, аъзоёни ҲНИ бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки ҳаёти орому осоиштаи мардумро халалдор намуда, вазъиятро ба монанди ба ном “Давлати исломӣ” ба хуну халаф кашанд.

Лекин ба ин бозиҳои авомфиребонаи худ халқи ваҳдатофаронаи тоҷикро дигар фиреб дода наметавонанд, зеро халқи мо заҳри ин амалҳои онҳоро дар солҳои навадуми асри гузашта чашида буданд.

Дар ҳар давру замон шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки ба тақдиру ояндаи миллат саҳмгузор мешаванд. Бо бахти баланди халқи тоҷик шахсияте бо номи Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид гардида, ин миллати парокандаро сарҷамъ намудааст.

Фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи иттиҳоди тоҷикон, ки яке аз аслҳои умдаи ҳадафҳои олӣ буд, шахсияти ӯро аз маснади пешвои ормонии халқ то ба ҳадди Пешвои миллат оварда расонид, ки воқеан арзанда аст.

Дилрaбо Комиловa,

номзaди илмҳои химия,

мудири кaфедрaи мaҳсулоти хӯрокa вa aгротехнология