Дастовардҳое, ки кишварамон таҳти сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, заҳмати мардуми меҳнатдӯсту созанда дар ин солҳо ба даст овард, воқеан ҳам бузургу таҳсинофарин мебошанд. Аммо боиси афсӯс аст, ки баъзе нотавонбинон, душманони миллат, пайравони ҳизби террористии наҳзати исломӣ, ки мақоми қонунгузории кишвар барои амали ғайриқонуниашон фаъолияти онҳоро дар ҳудуди кишвар қатъ намудаст, дар хориҷа бо дастгирии молиявии ҳаммаслаконашон ин тараққиёту пешравии даврони истиқлолро нодида гирифта, бо ҳар гуна тӯҳмат ва бӯҳтон зидди давлату миллати соҳибистиқлоламон созандагӣ мекунанд.

Маҳз чунин нафарони нотавонбин буданд, ки бо кинаву адоват ва бадхоҳии хеш даҳсолаи охири асри 20 бо ҳамдастии ҳаммаслакони хориҷиашон Тоҷикистонро ба майдони ҷанги бародаркушӣ табдил доданду худашон аз Ватан фирор карда, дар хориҷи мамлакат қарор гирифтанд.

Яке аз чунин нафарон собиқ раиси ҲНИ М. Кабирӣ, ки нисбаташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудаасту дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мебошад. Номбурда бо ҳамроҳонаш дар кишварҳои Аврупо қарор дошта, ба тавре худро ҳомиёни демократия мешуморанд ва кӯшиш мекунанд, ки бе далел давлату ҳукумати кишварамонро бадном созанд. Онҳо иштирокчии баъзан ҳамоишҳои амалан беқурб бо даъвати баъзе аз кишварҳои Осиё ва Амрико низ мебошанд. Аз ҷумла, яке аз чунин ҳамоишҳо бо иштироки М. Кабирӣ ин конфронс-ҳамоиши «Ваҳдати уммат», мебошад, ки дар Малайзия аз тарафи Иттиҳоди байналмиллалии уламои исломӣ баргузор шудааст, бозгӯи он аст, ки номбурда ва ҳаммаслаконаш аз хориҷи кишвар истода фитнаҳои навро барои парокандагии халқи тоҷик рӯи кор оварда истодаанд.

Пӯшида нест, ки ин хоинони Ватан аз дастовардҳои 30 соли истиқлолияти Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нороҳат ҳастанд ва аз баланд шудани обрӯи кишварамон дар ҷаҳон дар ҳаросанд. Ин аст, ки барои бадном намудани кишвар дигар далеле наёфта, маҷбур шудаанд дар назди ҳаммаслаконашон нисбат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари он тӯҳмату ҳарфи дурӯғро бароранд.

Маълум аст, ки коргардони ҳамаи бадкориҳои зидди давлату роҳбарияти ватани азизамон дар хориҷи кишвар роҳбари ҳизби дар ҷаҳон мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ М. Кабирӣ мебошад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳсос кардааст, ки М. Кабирӣ зери ниқоб бо истифода аз дини мубини ислом дар пайи фитнаи навбатӣ бо дастгирии тарафдоронаш аст. Номбурда ва тарафдоронаш чун солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мехоҳанд Тоҷикистонро ноором созанд.

Хушбахтона имрӯз гуфта метавонем, ки кишвари азизамон Тоҷикистон аз лиҳози амниятию иқтисодӣ соҳибқудрат буда, мардуми шарафманди он ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ободию гулгулшукуфоии ватани азизамон кӯшишу ғайрат доранд ва боиси ифтихор аст, ки мардуми мо аллакай дӯстро аз душман фарқ мекунанд ва ҳаргиз фирефтаи ҳарфҳои дурӯғи ин хоинони наҳзатӣ намешаванд ва намегузоранд, ки ин бадхоҳони Ватан мақсадҳои ғаразноки худро дар кишвари азизамон амалӣ намоянд.

Раҳмонқулова Л.З., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд