Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад, артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, имрӯз яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шудааст.

Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».

Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи давлату миллати моро муқаррар мекунад. Тибқи моддаи 6-уми он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Намунаи олии он ин аст, ки имрӯз халқ бевосита Сарвари давлатро интихоб менамояд ва дар мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ вакилони худро интихоб намуда, дар идоракунии давлат бевосита ё бавосита иштирок менамояд.

Мавриди зикр аст, ки бо назардошти равандҳои рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон се маротиба — солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид.

Бино ба гуфти сиёсатшиносони дохил ва хориҷи кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст. Бо қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад. Қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.

Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард. Яке аз зарфиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи башардӯстӣ буда, арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳодати ин гуфтаҳост.

Бахтнома номаи бахт аст аз даври Каён,

Бахтнома номаи бахт аст баҳри тоҷикон.

Тоҷики арзандаи ман, бош қисматсози хеш,

Бахтнома бар ту бошад болу пар, зӯру тавон

Конститутсия санади муҳими сиёсиест, ки роҳи расидан ба зиндагии орому шоистаро муайян мекунад. Ин санад бори дигар аз соҳибистиқлолии комили давлат ва миллати тоҷик ба ҷаҳониён мужда мерасонад. Конститутсия танзимгари муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад.

Бо шарофати Конститутсия шаҳрвандон тавонистанд якчанд маротиба дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар иштирок намоянд ва онҳоро интихоб намоянд. Маҳз дар Конститутсия унсурҳои асосии давлатдории муосири Тоҷикистон, махсусан демократия, соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягонагӣ ва иҷтимоӣ муайян гардида, он ба рамзи ягонагии миллати тоҷик, баҳамоии қишрҳои гуногуни ҷомеа, марҳилаи нави бунёди давлати миллии тоҷикон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу субот, оромию осудагӣ ва саҳифаи нави таърих табдил ёфтааст.

 Ҳар фарди ҷомеаи имрӯза вазифадор аст, ки  меъёрҳои конститутсиониро риоя намуда, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне бунёди давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва мардумони дорои зиндагии шоиста бирасем.

Имрӯзҳо мо ки дар остонаи таҷлили 29 солгарди қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, тамоми сокинони сарбаланди кишвари азизамонро шодбош намоем, бигзор бахтномаи миллат бахти ҳар яки мо бошад. Ид муборак.

Замира Махкамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд