Дар шароити ташаккул ва равнақи муносибатҳои бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои олӣ ҷиҳати зарурияти такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи иқтисодӣ ва мубодилаи афкор бо олимони пуртаҷрибаи замони муосир ба миён меояд. 

Аз ин хотир, чун ҳама сола дар китобхонаи хусусии ба номи Шайх Муҳаммадсултон Маъсумии Хуҷандӣ, ки бунёдгузораш профессори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдушукур Абдураҳимович Назаров мебошад, бо иштироки устодони кафедраи иқтисодӣ- муҳандисӣ ва менеҷменти ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва олимони тоҷик аз хориҷи кишвар – докторони илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии идораи шаҳри Москва - Ӯрунов А.А., профессори Донишгоҳи технологии Россия - Хусаинов М.К., н.и.ф.м, дотсенти донишкадаи муаммои бозори Академияи илмҳои Федератсияи Россия – Зоидов Қ.Х. ва якчанд олимони ДДҲБСТ мизи мудаввар доир мавзӯйи “Дурнамо ва тараққиёти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ва музокироти ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои муҳиму афзалиятноки иқтисодиёти кишварро мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар суханронии Ӯрунов А.А., таъкид шуд, ки бо талош ва корбариҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи иҷтисодиву иҷтимоии мамлакат сол то сол беҳтар гардида, тибқи маълумоти Маҷмӯаи Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки дар он нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоиву иқтисодӣ инъикос карда шудаанд, чунин хулосаҳо кардан мумкин аст, ки иқтисодиёти кишвар сол аз сол рушд ёфта истодааст. Индексҳои нишондиҳандаҳои Маҷмӯаи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби фоиз нисбат ба соли гузашта ба 108% зиёд шуда, сатҳи бекорӣ нисбат ба солҳои пеш, аз 10% паст мебошад, ки ин боиси таваҷҷӯҳи хос мебошад. Шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол 2,5 млн ро ташкил дода, сатҳи таваррум ва маблағдиҳӣ 10% баланд мебошанд. Инчунин дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои солҳои 2022-2023 рушди ҳамаи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ ба назар мерасад. 

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола барои ҷалби бештари соҳибкорон ва мусоидтар гардидани муҳити сармоягузорӣ тадбирҳои зиёди судманд амалӣ мешаванд. Мавсуф барои боз ҳам пешрав гардидани вазъи иқтисодӣ таклиф ба миён гузошт, ки  институтҳои иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ вобаста ба талаботи навъи иқтисодӣ инноватсионӣ корбарӣ намоянд.

Дар идома, арбоби шоистаи илм ва техника, д.и.и., профессор Назаров А.А. вобаста ба масъалаҳои иқтисодӣ ибрози ақида намуда, зикр сохт, ки дар шароити ташаккул ва равнақи муносибатҳои бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои олӣ зарурияти таҷдиди куллии барномаи таёйркунӣ ва такмили ихтисоси мутаассисиони соҳаи иқтисод ба миён меояд. Асосҳои назариявию амалии ба замони ҳозира созгор ҷиҳати таълими иқтисодии донишҷӯён, бояд хусусяитҳои инкишофи иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳамчунин миллиро дар марҳилаи кунунӣ ба назари эътибор гирад. Махсусан дар ҳоле, ки саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон гардид.

Профессор Авезов А.А. зимни баромад таъкид дошт, ки дар замони низоми хоҷагидории бозаргонӣ ҳар як соҳа ва ширкату корхонаҳои он ба бозор мустақилона ворид мешавад ва ба шароити рақобати бозор танҳо онҳое тоб меоранд, ки барои фурӯши моли худ шароити муносибро фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, ҳар як соҳаю корхонаро зарур аст, ки вобаста ба талаботи бозор роҳи худии тараққиёташро ҷӯяд. Ба таври дигар баён намоем, барои он, ки соҳаи алоҳидаю муассисаҳои он рушд ёбад, шаклу усулҳои нави истифодаи ҳамаи захираҳо, аз он ҷумоа сармоя, технологияҳои нави аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок ва ғайраро ҷустуҷӯ намояд. Вобаста ба ин, дар ширкату корхонаҳои муосири соҳаҳои гуногун доимо нав кардани номгӯйи маҳсулот зарур аст, бинобар ин яке аз вазифаҳои муҳими онҳо ин оқилона ташкил кардани корҳои илмӣ тадқиқотӣ ва озмоишию конструкторӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти навоварию сарсояггузорӣ мебошад”. 

Дар интиҳо, семинари илми байни аъзоёни он ва нишастагон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Мансурова М.Ғ., омӯзгори калони кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент