Яке аз гуноҳҳо нобахшидани ин хиёнат ва ба Ватан аст. Зеро модар -Ватан ин ибораҳое, мебошанд, ки бо шунидани ин дар вуҷуди инсон ҳисси дустдоштан эҳтиром намудан пайдо мегардад. Дар ҷое, ки мо ба воя расидаем, он ҷо барои мо макони муқаддас ба ҳисоб меравад, беҳуда нагуфтанд, ки “Як каф хоки Ватан аз аз ҳазорон  зар беҳтараст”. Мо бояд шукрона намоем, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон сулҳ оромӣ, фазои якдигар фаҳмӣ, осмони софу беғубор ҳукмфармо мебошад. Барои ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон хело бузург аст. Имрӯзҳо мардуми тоҷик дар атрофи Сарвари давлат  беш аз ҳар вақта дида  муттаҳидтар гардида  барои гул-гул шукуфии Ватан азизамон бо ном Тоҷикистон бо шукрона аз сулҳу субот оромона умр ба сар мебаранд.

Аммо сад афсус  имрӯзҳо шахсиятҳое ба назар мерасанд, , ки аз паси “хоҷаҳои хориҷиашон” паноҳ бурда, санги маломат ба сӯи Тоҷикистон меафкананд, иғвогарои мекунанд.  Бар Ватан хиёнат кардаву барои манфиатҳои худ ва ғаразҳои гурӯҳҳояшон даст ба омилҳои шармандавору зиёновар ба халку кишвар мезананд. Барои расидан ба ҳадафҳои нопоку пурғарази худ аз ягон амали зишту нопок ва вахшиёна даст намекашанд.

Ифродгароён ва гурӯҳҳои номатлуб чунон ки дар забони мардуми мо мегуянд “Бори каҷ ба манзил намерасад”. Ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, аз Пешвои миллати хеш дифоъ намоем, зеро пушту паноҳи ҳамаи мо Пешвои муаззами миллат мебошанд. Мо аҳли ҷомеа зидди иғвогароён мебошем ва намемонем, ки миллати тоҷик заррае аз дасти чунин аҳриансифатон зарар бинанд.

Зеро расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ осон набуд.

Ҳамин тариқ, мо халқи Тоҷикистон дар назди наслҳои ҳозира ва оянда дар рушди кишварамон вазифадору масъул мебошем, ҷонибдори сиёсати хирадмандонаву маънавибунёди Пешвои муаззами кишвари хеш буда, амалҳои номатлубро доимо, дар хар кадам маҳкум хоҳем кард.

Турсунов Х.Н., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд