Дар ҷомеаи имрӯза мавқеи ҷавонон дар пешбурди соҳаҳои мухталифи кишвар хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав ва нерӯи созанда мебошад. Ба ҳамин хотир аст, ки ҳамасола  бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд озмуни “Беҳтарин донишҷӯ” доир карда мешавад. Соли равон низ мутобиқ ба қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз санаи 19 апрели соли равон таҳти рақами 18  даври донишкадавии озмун дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ доир карда шуд.

Маҷмӯан аз чор факултети донишкада 28 нафар ғолибон барои ба даст овардани унвони “Беҳтарин донишҷӯи донишкадавӣ”  рақобат нишон доданд.  Ҳайати бонуфузи ҳакамон иборат аз сарварони факултетҳо, мудирони шуъбаҳо, омӯзгорони пешқадаму донандаи хуби касби хеш ба донишу маҳорати муддаиён баҳои воқеӣ доданд.

 

Дар натиҷа аз фанҳои гуманитарӣ ғолибият насиби Нарзуллоев Салмон Рустамович донишҷӯи гурӯҳи 3_140010202та - технология ва низомҳои иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро Шарифов Дониш Давлатович, донишҷӯи гурӯҳи 4_1430103тб - таъмини барқ ва Исмоилзода Меҳрангез Хуршед, донишҷӯи гуруҳи 2_157010101та - экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ишғол намуданд.  Аз фани дақиқ бошад, пирӯзи насиби Исобоева Фараҳноз Рустамовна, донишҷӯи гурӯҳи 3_1400101та - таъмини барномавии технологияҳои иттилоотӣ шуд. Мақомҳои дуюму сеюмро Толибӣ Зулолабону Мухсинзода, донишҷӯи гурӯҳи 3_740206тб - истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ ва Қосимзода Дилноза донишҷӯи гурӯҳи       3_250107та - иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо ишғол намуданд.

Ғолибон дар даври вилоятӣ донишкадаро шоиста муаррифӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд  намудани донишҷӯи болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ, ҳамчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” доир гардида истодааст.