Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дар шароити имрӯза бо аксари кулли кишварҳои ҷаҳон робитаҳои ҳасанаи сиёсию иқтисодӣ, тиҷоратию сайёҳӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст. Ин ҳолати ҳуқуқӣ, аз як ҷиҳат, боиси пешрафти ҳамкории судманди дуҷониба ба манфиати тарафҳо гардида бошад, аз ҷиҳати дигар, дар заминаи омезиши фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ баъзе мушкилиҳоро дар назди ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои тоза ба истиқлол расида пеш овардааст. Бархӯрди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар байни қавму миллатҳои гуногун боиси ворид шудани арзишҳои фарҳангӣ ва динию мазҳабии ойинҳои дигар ба кишварҳои якнавохти суннатӣ мегардад. Дар чунин вазъият зарурати таҳияи низоми дуруст ва оқилонаи муносибатҳои миллию фарҳангӣ ба хотири нигоҳ доштани сулҳу субот ба миён меояд. Дар байни қавму миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун сарулибос яке аз унсурҳои муҳиме мебошад, ки тавассути он мансубияти нажодию миллӣ ва эътиқодии одамонро ба осонӣ муайян мекунанд.

Ҳарчанд масъалаи эҳтиром гузоштан ба пероҳани миллӣ дар назари аввал ҳамчун як падидаи маъмулӣ ва муқаррарӣ пазируфта шавад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кӯшишҳои дигаргунӣ ворид намудан ба сохтори шаклгирифтаи он оҳиста-оҳиста хусусияти намоишкорӣ ва таҳдидовар касб мекунанд. Дар ниҳояти кор, фориғболӣ нисбат ба ин падида метавонад дар кохи бегазанди фарҳанги миллӣ рахнаи ноҷо ворид намояд. Аз ҳамин сабаб буд, ки дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар тамоюли нохушоянди бегонапарастӣ, тарғиби либосҳои бегона ва анъанаҳои фарҳанги дигарон моҳиятан “як раванди ташвишовар” баҳогузорӣ карда шуд: “Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидко­рӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Бояд гуфт, ки дар иртибот ба сарулибоси динӣ ҳамчунин тақозо мешавад, ки пероҳани занон бояд ба услуби анъанавии либосҳои занона мувофиқат кунад ва дар он таъсири вежагиҳои либоспӯшии мардона набошад. Ин масъала натанҳо ба либос, балки ба риояи тарзи рафтор, гуфтор ва ҳаракатҳои фарқку­нан­даи ҳар ду ҷинс низ дахл дорад. Либоси зани мусулмон бояд боиффату озод бошад, матояш шаффофи тобанда набошад. Либос инчунин набояд танг, балки то андозае кушоду бороҳат дӯхта шавад, ки пасту баландии бадани занро намоён насозад. 

Сазовори гуфтан аст, ки дар минтақаи ҷуғрофии Моварроуннаҳр, ки Тоҷикистон низ ба он дохил мешавад, занону бонувон пероҳанҳои шаклу муҳтавои комилан милли­доштаро ба бар мекарданд. Ин сарули­бос дар як вақт ҳам ифодагари баланди фарҳанги миллӣ ва ҳам гӯёи мансубияти динии мо буданд. Дар айни замон пероҳани мардумии тоҷикон дар марҳалаҳои гуногун андаруни худ табиати зебо ва идомаи анъанаҳои нотакрори ниёгонро ғунҷоиш медод. Масалан, сарулибос ва пероҳанҳои зебои миллие, ки дар ноҳия­ҳои Суғду Хатлон, Бадахшону Зарафшон, Рашту Ҳисор мепӯши­данд, дар маҷмӯъ як сиккаи зарандуди суннати аҷдодӣ бошанд, дар алоҳидагӣ бозгӯяндаи розҳои нуҳуфта ва зебоиҳои табиати пурғановати ҳар як водию иқлими Тоҷикистони азизу маҳбуб низ ба шумор мерафтанд. Ҷиҳати аз ҳама муҳим дар суннати пероҳани мардумии тоҷикон он аст, ки либоси мардонаву занонаи онҳо ҳамеша кушоду гулранг ва шинаму дилнавоз будааст. Газвору шалвор, пероҳан ва рӯсарию сарандози мо дар ҳеҷ як давру замон аз нигоҳи равонию шаҳво­нӣ риққатовару хушунатангез набудааст, ки матои атласу адраси ранго­ранг ва карбосу алачаи якранг намунаҳои беҳтарини онҳост.   

Ҳамчунин бояд ёдовар шавем, ки гузаштагони мо дар па­зи­руфтани шакли сарулибоси муосир низ аз мавқеи суннатгароии миллӣ муносибат кардаанд. Ин раванд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ бо исти­ло­­ҳи кодекси либос (dress code) маъруфият дорад ва сароғоз дар Брито­ниёи Кабир пайдо шуда, ба зудӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст, ҳангоми баргузории чорабиниҳои сатҳи гуногун ва ташриф овардан ба ташкило­ту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ риояи ҷиддии либоси расмиро тақозо менамояд. Намудҳои зиёди кодекси либос муқаррар гар­ди­дааст, ки ба тарҳи меъёрии пероҳани шахсони мансуб ба касбу корҳои гуногун аҳамияти махсус зоҳир менамояд, ҷузъиёти таркибии пӯшишҳои маъқул ва номақбулро ба тартиб меандозад.

Сазовори мухтасар ёдовар шудан аст, ки миллати тоҷик аз қадимулайём либоси хоси хешро дошт ва ба маданияти либоспӯшии ин миллат дигар халқҳо ҳавас мехӯрданд. Анъанаи сарулибосҳои динии занону бонувони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯркӯронаи идеалҳои динҳои гуногун набудааст. Баръакс, либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари мансубияти диниро таҷассум кардан ҳувияти миллии моро низ барҷаста нишон медоданд.   

Хулоса, дар вазъияти баамаломада барои ҳифзи асолати сару­либоси миллӣ ва динию эътиқодии худ тарроҳони моро мебояд, ки дизайнҳои “тоза ба тоза, нав ба нав”-и пероҳанҳоеро пешниҳод намоянд, ки онҳо дар як вақт ниёзҳои динию дунявии занону бонувони тоҷикро баровардаи хайр гардонанд, аз нигоҳи завқу салиқа дилкашу рӯҳнавоз бошанд ва таваҷҷӯҳи онҳоро аз истифодаи либосҳои бегона коста созанд. 

Пӯшидани либоси миллӣ ва пос доштани фарҳанги пурғановату арзишманди ниёгонамон низ нишонае аз ватандорист. Устод Садриддин Айнӣ дар як мақолааш таъкид намуда: «Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб, ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто, аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад». Ин суханони воқеан, пурарзиш барои ҳамаи мо сабақи бузург ва чароғи роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаамон бояд бошанд.

Қосимова Малика,

устоди кафедраи иқтисодиёти соҳавии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд