Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ борҳо дар суханрониҳои худ нисбати зиёд гардидани  ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар либоспӯшӣ ва рафтору кирдори занону духтарон таъкид намудаанд. Махсусан президенти кишвар дар суханронии худ нисбати пӯшидани либосҳои сиёҳу бегона, бахусус сатру бурқаъ, дуруст қайд менамоянд, ки  «халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпўш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпўшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпўшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспўширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд».

Ҳамчунин бо баробари танзим намудани пӯшидани сатр аз ҷониби духтарон ва занон, бояд ба дигар масъала, ба масъалаи аз ҳад гузаштан дар пӯшидани либосҳои аврупоӣ аз ҷониби ҷавонон низ эътибори ҷиддӣ диҳем. Зеро ин раванд низ раванди бегонапарастӣ буда, ба таҳкими рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бояд ҳамавақт дар либоспӯшӣ чорчӯбаи маънавию ахлоқӣ нигоҳ дошта шавад. Аз ҳамин лиҳоз бо мақсади пешгирии раванди бегонапарастӣ дар ҷомеа махсусан дар баӣни ҷавонон бояд корҳои  фаҳмондадиҳӣ нисбати ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ба ин васила тарғиби сару либоси миллӣ,  ҳисси ватандустӣ, ҳувияти миллӣ, ҷоннок карда шаванд.

Ҳоло бо мақсади мақсади таҳкими фарҳанги либосҳои миллӣ аз ҷониби кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст. Дастурамали мазкур бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ омода гардида хусусияти тарбиявӣ дорад. Дар дастурамали мазкур намунаи либосҳои тавсиявӣ оварда шудааст, ки бевосита барои эҳё ва рушди мероси фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани маданияти либоспӯшии ҷавонон мусоидат менамояд. Ин дастурамал аз 11 бахш иборат аст:

    Бахши якум.  Либосҳои миллии муосири тоҷикӣ

    Бахши дуюм. Либосҳои духтарон ва занон барои мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ.

Бахши сеюм. Либосҳои махсус (униформа) ва кории духтарон ва занон.

Бахши чорум. Либосҳои духтарон ва занон дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ.

Бахши панҷум. Либосҳои духтарон ва занон дар рӯзҳои идҳои расмӣ ва давлатӣ.

Бахши шашум. Либосҳо барои сайругашт дар кӯчаю хиёбон, гулгаштҳо, боғҳои фарҳангию истироҳатӣ, театр, толорҳои консертӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ.

Бахши ҳафтум. Либосои духтарон ва занон барои рӯзҳои истироҳат (шанбею якшанбе).

Бахши ҳаштум. Либосҳои арӯсӣ.

Бахши нӯҳум. Либосҳои маросими азодорӣ.

Бахши даҳум. Андоза ва тарзи пӯшидани либосҳои тавсияшаванда.

Бахши ёздаҳум. Либосҳои духтарона ва занонае, ки пӯшидани онҳо тавсия намешавад.

Махсусан барои устодон ва мурабиён дар раванди ташкили корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон нисбати иҷроиши тавсияҳои бахши ёздаҳум эътибори махсус додан лозим аст. Зеро дар ин қисмат намунаи либосҳои духтарона ва занонае, ки пӯшидани онҳо тавсия намешавад оварда шудааст. Бевосита дар ин боб чунин оварда шудааст:

- барои духтарон ва бонувон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб;

 - либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдомон (миниюбка), деколте, топик;

  - куртаҳои нафис ва тунук, ки баданро намоён мекунанд;     

 - дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампоӣ (шлёпка), либосҳои таҳпӯш, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастагии бадан намоён мешаванд;

 - либосҳо аз матоъҳои синтетикӣ, ки ба саломатӣ зарар доранд.    

  

Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки риояи дастурамали мазкур ба баланд бардоштани маданияти либоспӯшӣ ва фарҳанги миллӣ байни занон ва духтарон мусоидат менамояд.

Ахмедова  М. М.

дотсенти кафедраи иқтисодиёти соҳавии ДПДТТ