Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷониби суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти терористиву экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташ мамнӯъ дониста шудааст. Имрӯз бо пахши як изҳорот намояндагони ин ташкилот иттилоияеро, ки Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз пахш карда буд, беасос ва идомаи сиёҳкориҳои мақомот алайҳи ин ҳизб донистааст. Дар ҳақиқат маълум гашт, ки нафарони дар гирдбоди хоҷагони хориҷӣ ва Кабирӣ ба бод рафта, ба ҷуз муттаҳамкунии Тоҷикистон дигар дар зиндагии худ ягон ҳадаф надоштааанд. Ҳар кадоме изҳор менамоянд, ки хатогиҳои мақомот, сиёҳкориҳои макомот, гуноҳи мақомот, хоҳиши мақомот ва чанд васвасаҳои дигари бофтаи наҳзатиҳо дигар дилгиркунанда шуд. Кӣ ба ҳамаи ин дурӯғу фиреб бовар мекунад? То кай чунин дурӯғу тӯҳмат алайҳи мардум ба кор меояд? Наҳзатиҳо бояд кадоматон хуб донед, ки вақту замони худхоҳиву худситоии шумо кайҳо гузашта рафтааст. Тамоми мардум аз сулҳи кишвар мефахранду меболанд. Якбор, ки ба доми макру фиреби чуинин исломгароён афтода, натиҷаашро дидаанд. Дигар ба касе иҷозаи онро намедиҳанд, ки пои нохалафон ба ин сарзамин дарояд. Дар баёнияе, ки наҳзатиҳо изҳор доштаанд, амадааст, ки: «дирӯз Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия ҳамаи муттаҳамони ҳамла ба сайёҳони хориҷиро аъзои ҲНИ муаррифӣ карда буд.

Ин иттилоияи Додгоҳи Олӣ дар ҳоле садо дод, ки додраси парванда дар мусоҳибааш изҳор дошт муттаҳами асосии ҳамла Ҳусейн Абдусамадов гуфтааст амалиёти террористӣ бо дастури ДОИШ иҷро шуд».

         Бори дигар дурӯғи маҳз будани суханони наҳзатиҳоро собит месозам, ки ман ҳатто аз шабакаи телевизиунӣ навори изҳороти дастгиршудагонро дидаму шунидам, ки эшон чи баёнот доданд. Байни дастгиршудагон, ду нафари он ҷинояткор бародарон буданд, ки баён доштанд: «фармони ин амалиёт, яъне қатли сайёҳони хориҷиро дар минтақаи Тоҷикистон, роҳбари ТЭТ ҲНИ, Муҳиддин Кабирӣ дод ва фармуд, ки ҷавоби инро ДОИШ хоҳад дод. Амалиётро мо содир карда, гуноҳро бар дӯши ДОИШ бор намудем. Кабирӣ шахсан бо намояндагони ДОИШ мувофиқа кардааст, ки ҷиноятро ба гардан гирад».

Инчунин дар изҳороти наҳзатиҳо омадааст, ки: «Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) иттилоияи Додгоҳи олии кишварро дар бораи узви ҲНИ эълон кардани 5 нафар ҳамлагарони ҳодисаи Данғара мавриди баррасӣ қарор дода, тамоми иттиҳомотро беасос медонад ва шадидан рад мекунад».

Маълум, ки ҳақиқатро намедонад ва ҳатто донистан намехоҳад. Дар баробари он ки ин изҳоротро пахш намудаанд, ба ҳоли эшон хандаам омад, зеро нав дидему аз даҳони он ҷиноятпешагон шунидем, ки фармони ин амалиётро Кабирӣ додаву онро назорат бурда. Пас баъди чанде Раёсати азҳоб, таҳти роҳбарии Кабирӣ гуфтааст, ки ДИИШ масъулиятро ба ӯҳда гирифт.

Кабирӣ ба ин дурӯғу васвасаҳои бемаънои худ ва ҳамқадаҳонат хотима деҳ, то чакрае аз дараҷаи инсониятат осор монад ва агар ин корро карда натавонистӣ, пас бидон, ки ин ҳаёту зиндагӣ аз они ту нест, зеро хиёнати ватан худ туро беватан кардааст.

 

БОБОЕВ М.М.,

асистенти кафедраи автомобил ва идоракунии нақлиёт