Он ҳодисаҳое, ки имрӯз дар қаламрави Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқуъ пайваст, на танҳо дили бошандагони ин халқу миллатро , балки ба тамоми аҳли оламро ба таппиш овард. Ҷанг – ин мафҳуми воҳимаангезу хавфнок тамоми мардуми кишварро ба таҳлука андохт. Саволе ба миён меояд, ки сабабгор ва саркарда кист. Шояд ин саволро на танҳо тоҷикону қирғизон, балки тамоми бошандагони сайёра дода бошанд? Биёед зери ин савол аниқ андеша кунем ва ҳақиқати ҳолро бояд рӯйи об барорем. Тайи чандин сол ин хел ҳодиса кам-кам ба вуқуъ пайваста буд, ки аз рӯйи далелҳо тоҷикон таҳаммулгароиро сабақ карда, бародарони ҳамсояро, ки шӯрангезони худро доштанд, барои нарехтани хуни бегуноҳ роҳи сулҳу рафоқатро пеш гирифтанд. Аммо ин рафтор ба он шӯрангезони “ноодам” ибрати маънавӣ нагардиду нафсонияту молпарастӣ бар онон ғалаба кард. Чуноне, ки Лоиқи бузург гуфта буд:

Торих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне,

Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина

Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.

Торих гувоҳ аст, ки дар арсаи торих,

Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб

Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст.

 

Ин халқи бономусу баландфарҳанг ҳама умр дар машриқу мағриб дар ҳама иқлим на бо шамшеру яроқ, балки бо фитрату ҳикмат муаррифӣ гардидаст. Ин ҷангҷӯёни нобакор ҳам ба миллати худ ва ҳам ба миллати тоҷик доғи ношустанӣ оварда, сабабгори хунрезии мардуми бечораву бегуноҳ гардиданд.

Эй бадкорони беандеша оё шумоён модар, ватан надоред? Чӣ зарурат ба ин тирпаррониву яроқфишонӣ? Оё ҳайф нест, модарон хуни ҷигар хуранду фиғони онон ба кайҳон расад? Наход инсоният бо дидани хуни бегуноҳон, барои расидан ба мақсадҳои нохалафу нафсонияти хеш марги дигаронро бихоҳад, номи авлодиро ба пастӣ бибарад. Пас, агар ин хел бошад, нашояд ниҳад номатон одамӣ. Биёед эй мардум, ҳама аз як гиребон сар барорему нагузорем, ки дигар нолаи сӯзноки ҷигарбандони мо дили одамиятро реш гардонад. Бас аст ҷанг, бас аст душманӣ! Мо як замин, як сайёра ва як ҳаво дорем, Онро бояд қадр кард!

Муллоусмонова Г.Ғ., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд