Чӣ хеле, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намуданд, мо ҳайати омӯзгорон  тасмим гирифтем, ки паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда онро дар амал тадбиқ намуда, хусусан таълиму тарбияро аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба донишҷӯён бо масъулияти ҷиддӣ омӯзонем, то ин ки ҳамаи донишҷӯён новобаста аз ихтисоси интихоб намудаашон барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Ҳаёти моро бе илм ва дастовардҳои он тасаввур кардан душвор аст. Бинобар ин бо овардани  далелҳои аҷоиб донишҷӯён  шавқу ҳаваси худро нисбати фанни алгебра ва геометрия умуман дақиқ  зиёд менамоянд.

Фанни дақиқ соҳиби забоне мебошад, ки дар тамоми ҷаҳон як хел тарҷума мешаванд: ба монанди Н2 О ,  ах2 +bx+c=0 ,  а222 ва ғайра ва на ҳар кас ин забонро хонда  наметавонад. Бинобар ин мехоҳам гӯям, ки ифодаи “Тоҷикисттон ба пеш” ҳам аз забони дақиқ гирифта шудааст. Барои он ки калимаҳои “Ба пеш” ба забони дақиқ ин “Прогрессия” мебошад.  Яъне “Тоҷикистон дар прогрессия” гӯем ҳам хато намекунем.  Мавзӯи прогрессия барои донишчӯёну хонандагон як мавзӯи муҷмал ба ҳисоб меравад. Бинобар ин мехоҳам онро бе истифодаи формула ҳисоб намуданашро омӯзонам.

Прогрессия аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш ҳаракат ба пеш мебошад.  Прогрессия ду хел мешавад: прогрессияи арифметикӣ ва прогрессияи геометрӣ. Барои фаҳмидани прогрессияи арифметикӣ  ададҳои аз 1 то 100-ро ҷамъ кунед. Инро Карлл Гаусс дар вақти мактаби ибтидоиро таҳсил карданаш истифода бурда буд, ки намудизеринро дорад:

Ҳамин тавр 101*50=5050 ҳосил мешавад, ки ин барои донишҷӯёну хонандагон хеле қулай ва  шавқовар  мебошад.

Дар прогрессия геометрӣ бошад барои бедор намудани шавқу ҳаваси онҳо ман аз таърихи он истифода мебарам  ва онро ба намуди ҳикоя мегӯям, ки он аз саргузашти олими дақиқ, файласуф, математики барҷаста Карл Гаусс, ки ин асоси пайдоиши прогрессия шуд, пешкаши Шумо намоям. 

Пардохт бо биринҷ

Саҳна:

-Баранда:

-Чӣ хеле, ки медонем, дар замонҳои қадим ҳокимият дар дасти подшоҳ буд. Як рӯз подшоҳ аз  илм ва ҳунари Карл Гаусс бохабар гашта, барои додани мукофот ба назди худ  мехонад.

-Карл Гаусс

-Подшоҳам чи хеле, ки таклиф намудем, ман омадам.

-Подшоҳ

-Ман аз эҷодкории ту бохабар гашта мехоҳам туро бо зару зевар пур кунам. Агар зару зевар кам бошад боз чизе, ки хоҳи талаб намо!

-Карл Гаусс

-Подшоҳам ба ман зару зевари бисёр чи даркор, он илме, ки ман омӯхтаам барои ризқи имрӯзаам ва ояндаам басандагӣ мекунад ва ногуфта ризқам ба наздам меояд. Ман танҳо як хоҳиш дорам.

-Подшоҳ

-Имрӯз ман туро дида хурсанд гаштам ва чӣ ки хоҳи талаб намо.

-Карл Гаусс

-Хоҳиши ман ин, ки дар ҳар як хоначаи шоҳмоти маро бо донаҳои биринҷ пур намоед. Дар хонаи якум 1 дона  биринҷ, дар хонаи дуюм     2дона биринҷ, дар хонаи  сеюм    4дона биринҷ, дар хонаи чорум  8 дона биринҷ ва ҳа минтавр ҳар як хонаи оянда дубаробар зиёд карда мешаванд.

-Подшоҳ

-Ман ба ту зару зевар гӯям, ту бошӣ  донаи биринҷ мегӯӣ? Вазир ба Карл -Гаусс ҳар як хоначаи шоҳмоташро бо халтаҳои биринҷ иваз кунед!

-Карл Гаусс

-Не  подшоҳам ман танҳо  ризқи муносиби худамро талаб менамоям.

-Баранда: Подшоҳ андешакунон худ ба худ  гуфт:

Эй ман инро олим, донишманд гӯям як нодон будаст ба ман донаи биринҷ мегӯяд.  Эҳ  нодоне  нодон...

-Подшоҳ

-Вазир агар Карл Гаусс  донаи биринҷ гӯяд, ба анбор рафта донаи биринҷашро диҳед ва Карл Гауссро розӣ намоед!

-Вазир

-Хуб шудас.

-Баранда

-Вазир якҷоя бо Карл Гаусс ба анбор мераванд ва рӯз бегоҳ мешаваду онҳо меоянд.

-Вазир

-Подшоҳам мо ин миқдор захира надорем...

-Подшоҳ

-Чӣ гуфти ман донаи биринҷи Карл Гуссро дода наметавонам! Ҳозир саратро аз танат ҷудо менамоям!

-Вазир

-Мо инро чандин маротиба ҳисоб кардем, ин донаи биринҷ ба 460 милиард тонна баробар гашт. Ин миқдор захира дар тамоми ҷаҳон дида намешавад. Чӣ  хел хоначаҳои шоҳмоти Карл Гаусс  460 милиард тоннаро мегирифтааст?

-Вазир мо инро то ин вақт чандин маротиба ҳисоб карда, ба ҳар як килограмми биринҷ  чанд дона биринҷ  будаашро ёфта ба воҳиди тонна иваз намудем, ки дар натиҷа ба 460 милиард тонна баробар гашт ва формулаи он чунин будааст:

  20+ 21 +  22 +   23 +  24 +  25 +… + 264

+++  +++… =

 1 +   2 +  4 +   8  +  16 + 32 + … = 460млрд т

-Подшоҳ

-Ман дар чандин солҳои хукмрониям чандин давлатҳоро забт кардам, дар ин муддат бисёр чизеро  тағйир медодам. Якумин маротиба фаҳмида истодаам, ки  ман, мани подшоҳ  туро бо донаи биринҷ розӣ карда наметавонистаам. Ҳол он ки  он донаи биринҷ ро ба халта иваз намудан мехостам. Дар ҳақиқат  олим будани худро исбот кардӣ  ва ягона шахсе ҳастӣ, ки маро қоил кардӣ! Агар хоҳӣ  ҳокимиятро ба ту медиҳам.

-Карл Гаусс

-Не подшоҳам, ман илме дорам ва  бо он илмам  ҳама маро иззат мекунанд, он ба ман кифоя аст...

-Баранда

Агар хоҳӣ шудан ба сарварон сар,

Биомӯзу биандешу биофар.

 

Мунзифа Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд