Ташкилоти    экстремистию  террористии  ҲНИ  аз солҳои 70-уми асри гузашта  ба фаъолият оғоз бахшида, давраи ба қавле пешрафти ҳизб маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ҳатто дар парлумони кишвар намояндаҳои онҳо роҳ ёфта, шаҳрвандон бо амри дил ба хотири пешрафти мамлакат шомил ба ин ҳизб мешуданд. Аммо худ шоҳидем, ки онҳо бо вуқуди чунин имконияту шароит бар зидди давлат бархостанд. Муҳиддин Кабирӣ ва саркардагони ӯ аз номи ислом бар зидди ислом кор карданд. Аслан аз номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат истифода кардан ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Дин бояд поку озода бимонад.

Ҷавонони моро зарур аст, ки дар муқобили ин ҳама фитнаҳо истодгари муборизаи оқилонаи зеҳнӣ ва ҷисмӣ баранд. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ ҷудо будан аз навгониҳои рӯз ғайриимкон аст. Зарур аст, ки бо ҷавонон бештар кор барем ва онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва илмомӯзӣ ташвиқ намоем. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву мансаб аз бадтарин фазилатҳои инсонӣ буда, ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсии давлату миллат мебошад.  Чуноне, ки имрӯзҳо мебинем дигар гурӯҳҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сару садоҳо баланд намуда, ҷавонони моро бо роҳи фиребу дассисаҳо мутеи барномаҳои худ месозанду бо далелу наворҳои сохтакоронаи худ тафаккури мардумро дигар кардан мехоҳанд.

Хуршед Худойбердиев, устоди ДПДТТ