Мо ифтихор аз он дорем, ки Ватани мо давлати мустақил ва яке аз даҳ давлатҳои ислоҳатгари ҷаҳон аст.

Тоҷикистон чун маъвои бузургону сарзамини фарҳангдӯстон эътироф шуда, имрӯз ин диёр ваҳдатистон гардидааст. Тоҷикистони азиз имрӯз дарахти бошукӯҳу пурсамареро мемонад, ки аз дӯстию ҳамдилӣ шодоб мешавад. Имрӯзҳо Ватани мо бо суръати баланд рушд ёфта, пеш меравад ва бо зиёда аз 150 мамлакати дунё муносибати дӯстона барпо намудааст.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ эҳсос намудем, ки муҳаббат ба Ватан асосан аз давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Одам ба ҳар қaтpa обу ҳар зарраи хоки Baтан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандустӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъйю кӯшиши ба нафъи вай xизмат кардан мебошад. Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд acт, ки Модару Ватан низ ба радифи он шомил мегарданд. Барои инсон мавқеи намоёнро падару модар  ва Ватан ишғол менамоянд. Оре, Ватан қисмату сарнавишти ҳар як инсон, ба мисли модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар моро модари аслӣ ба дунё оварда бошад, ба сарамон Ватан дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст.

Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ду мафҳуми ба ҳам тавъаманд, агар бо ибораи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯем:“-Истиқлолият ва ваҳдат ду пояи иқбол ва ду рукни меҳвари фарҳанги давлатдориву давлатсозиамон” мебошанд.

Бо шарофати Ваҳдати миллӣ халқ дар атрофи Сарвари давлатамон боз ҳам бештар муттаҳид гашта, бо фаъолияти созанда ва бунёдкорона ба дастовардҳои бузург ноил гардид, бо дили пур ва сари баланд аз ояндаи дурахшони кишварамон сухан мегӯем.

Аз шоирони муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ин амали шоистаро идома дода, бо абёти саропо рангин Тоҷикистонро чун кишвари зебову афсонавӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Бо фарорасии фазои мустақили сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ вазифаҳои шаҳрвандии мо батадриҷ афзуд. Тоҷикистон, ки ба сўи ҷомеаи озоди демокративу дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор мениҳад, бе ваҳдати ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих бигзарад. Рушди замони муосир ба кашфи техникаи нав, ихтироъкорӣ, заҳмату талоши шабонарўзӣ, забондонӣ робита бо мамолики перафтаи дунё ниёз дорад.

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Имрӯзҳо ҷаҳониён Ҷумҳурии Тоҷикистонро кишвари орому обод эътироф мекунанд.

Солиев Одилхӯҷа, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд