Мардумони Тоҷикистон бо шукргузори аз Ватани соҳибистиқлолашон кӯшиш намуда истодаанд, ки вазъияти сиёсиву иҷтимоии онро боз ҳам беҳтар гардонанд. Албатта бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз барои некӯаҳолии марудмони кишварвамон шароит муҳайё гардида истодааст, ки тамоми мардум аз чунин сарвари давлати башардӯсту меҳанпарст ва ободкору бунёд гар ифтихор менамоянд. Дар ҳақиқат маҳз ҳамин ҷонбозиҳову қҳрамониҳои ин марди ҷасур буд, ки миллати мо ҳатто аз вартаи ҳалокат беру номад. Агар сарвари давлат барои хомуш намудани оташи ҷанг сабаб намешуд, ки медонист, ки имрӯз миллати тоҷик ба чи ҳодисаву даҳшатҳое рӯ ба рӯ мешуд.

Ҳоло бар он ақидаам, ки ҳамаи мардумони кишварро бояд боз ҳам беҳтару хубтар дар рӯҳияи хештаншиносиву ҳудогоҳии миллӣ намуд, ҷавононро тарбияи сиёсии комил дод то ин қувваи шикастнопазири ҷомеаи тоҷик рӯҳбаланд аз қаҳрамониҳои гузаштагонамон гашта, ба хотири пояндагии давлати тоҷик худро чун вориси тоҷвар нишон дода тавоаннд.

Ҳамаи гардишу бурду бохт дар фаъолият моро таҷрибаву сабақи зиндаги дода, хулосаҳои муҳиму саривақтиро дар майнаи сарамон ҷо месозад. Аз ҳодисаву воқеаҳое, ки имрӯз дар ҳар манотиқӣ гуногуни олам ба вуқӯъ мепайвандад, ба хулосае оадан мумкин, ки бояд якдилонаву якзабонона бо тамоми маадуми рӯи олам дар мубориза бо ташкилотҳои ифротгар ташаббус нишон диҳем.

Мо хело хуб медонем, ки ҳамаи ин ҷангу дасисабозиҳои нафарони махсус чӣ маънӣ дораду барои манфиати кӣ ташкил мегардад. Аммо вазифаи ҳамаи мо ватандӯстдорону вафодорони сарзамини обод аз он иборат аст, ки бояд ҳар чи зудтар барои нобуд набудани қувааи зеҳнии пӯсидаи хоинону разилон кӯшиш намоем. Набояд онҳо ақиада кунанд, ки миллату халқӣятҳо бесоҳиб асту ниёз ба кӯмакҳои ба қавлу «башардӯстона» - и онҳо дошта бошад.

Сад лаънати Худо бар оне, ки ношукриву носипоси ба неъматҳои офаридашуда мекунад. Ҳама албатта дар охир ҷазои кори кардаашро мебинад. Албатта ҳама ҳам барои нек ва ҳам барои бад подоши махсусеро интизор аст. Мо агар барои ояндаи дурахшони миллатамон талош наварзем, хонаи мо низ обод нахоҳад гашт, ба ҳамин маъни танҳо ободкориву бунёдкориро пеша намуда дар пайравии амалҳои созандаи сарвари давлатамон ба хотири фардои обод саҳмгузорт бошем.

Зарба ба нерӯи думанони миллат зада, бояд шарри онҳоро аз худу аз мардуму аз миллатамон дур созем. Вагарна онҳо чун магас дар атрофамон ҷамъ шуда, моро халалдор месозанд.

Раҳимҷон Зокиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд