Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки сафи устодони унвондор дар донишкада рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Давоми се моҳи охир сатҳи устодони унвондорони донишкада ба 51% расидааст, ки натиҷаи хеле назаррас мебошад. Яке аз устодони пурмаҳсул ва соҳибтаҷриба, ки соҳиби унвони номзади илмҳои техникӣ гардид, омӯзгори кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика Тошхӯҷаева Муҳайё мебошад. Тошхӯҷаева М. рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Баландбардории эътимодияти хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 110кв дар шароити тағйирёбии иқлим”, дар Донишгоҳи давлатии Чувашияи Федератсияи Русия дифоъ намуд. Бояд зикр кард, ки рисолаи номзадии мазкур таҳти роҳбарии номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика Раҳимов О.С ва номзади илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Чувашия Щедрин В.М. омода ва  ҳимоя карда шуд. Маврид ба зикр аст, ки робитаи донишкада бо Донишгоҳи давлатии Чувашияи Федератсияи Русия қавӣ буда, давоми 2 соли охир Муҳайё Тошхӯҷаева дуввумин нафаре, ки рисолаи номзадиро ҳимоя кардаанд. Аз ин пеш мудири кафедраи Таъминоти барқ ва автоматика Қаландаров Ҳусейнҷон низ дар Шӯрои ҳимояи ин донишгоҳ  рисолаи номзадиро ҳимоя намуда буд. Дар назар аст, ки моҳҳои оянда боз ду нафар аъзоёни ин кафедра рисолаи номзадиро дар ҳамин донишгоҳ таҳти роҳбарии устодон ҳимоя хоҳанд кард. Аҳли ҷомеаи донишкада устоди азиз - Тошхӯҷаева Муҳайёро бо сарбаландона дифоъ намудани рисолаи номзадӣ табрик менамояд. Ба он кас дар ҷодаи илм бурдбориҳои беҳамто ва фатҳи қуллаҳои баландро таманно дорем.