Бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи ҳаётан муҳим, яъне соҳаи маориф ба натиҷаҳову дастовардҳои назаррас расида истодааст, ки онро метавон мушоҳида намуд.

Дар Паёми соли 2021, ки 21 декабр баргузор гардид, Пешвои миллат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса доданд. Таъкид намуданд, ки бе маориф ягон давлат рушд карда наметавонад. Таъкидҳову гуфтаҳои Пешвои миллат ҳақ асту рост. Маориф кафолати рушди давлат ба ҳисоб меравад.

Бояд Паёми Роҳбари давлатро натанҳо кормандони соҳаи маориф балки тамоми мардуми Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдорӣ, чун ҳуҷҷати сарнавиштсоз муайян намуда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти худ қарор доранд. Дар Паём қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта ба истифода супорида шавад.

Яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд дар ҷамбасти ҳар сол ба Маҷлиси Олии мамлакат дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ иброз намудани Паём аз ҷониби Сарвари давлат мебошад. Пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурамои рушди мамлакати мо дар ҳақиқат тантанаи давлатдрии миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Махсусан дар ҳар Паёми худ Пешвои муаззами миллат дар боби маъориф, сатҳу сифати он, беҳбудӣ бахшидау ҷалб намудани омӯзгорони ботаҷриба ва навовар истода мегузаранд. Пешвои миллат иброз доштанд: “Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхори нисбат ба маъориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.”

Мо кормандони соҳаи маориф яъне омӯзгорон аз Паём, ки хуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ, оинаи равшании рушди иҷтимову иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммалии кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувории ҷомеаи мо ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад, илҳом гирифта, ба касби пурифтихори худ содиқ бошем ва пайваста омӯзем, дар ҷустуҷӯи навовариҳову навгониҳо кӯшиш намоем. Ҳуқуқҳои дар Паём зикргардидаамонро дар баробари истифода бурдан, инчунин аз пайи иҷрои ӯҳдадориҳоямон аз қабили омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва нав сохтани нақшаву барномаҳои таълими низ бошем. Ҳар як корманди соҳаи маъорифро зарур аст, ки ба Паём ва мавзӯҳои дар он зикр гардида диққати ҳамаҷониба диҳанд, омӯзанд ва дар амалӣ сохтани ӯҳдадориҳои ба душомон гузошташуда камари ҳиммат банданд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон! Биёед мо ҳама новобаста аз синну сол ва касбу кор худро ҳамчун як ватандор ҳис намуда даст ба дасти ҳам дода, Паёми Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешравӣ, ободӣ ва гулгулшукуфоии ватани азизамон саҳми худро гузорем.

Тошхӯҷаев Н.А.,

устоди ДПДТТ дотсенти кафедраи                

физика ва химия