Ҳануз аз давраҳои қадим асоси ифтихор ва сарбаландии мардони вафодору ватандусти тоҷик ин садоқату шафқат ба Ватан, ҳимояи марзу буми он буд, ки обрую эътибор ва нуфузи миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштааст. Таърих медонад, ки чӣ қадар ҷавонмардони боору номуси тоҷик дар роҳи ҳифзи Ватани муқаддас, аз даврони Исмоили Сомонӣ то замони муосир ҷон бохтаанд, то ки ояндагон бо сари баланд ва фахри миллӣ умр ба сар баранд. Дар он замон низ, нангу номус, шараф ва фахри хизмат ба Ватан аз волотарин арзишҳои инсонии ҳар як мард ба ҳисоб мерафт. Имруз бо баробари тезу тундшавии ҳодисаҳои глобализатсионӣ, афзуншавии ҳолатҳои экстремистиву террористӣ хизмат ба Ватан боз ҳам муҳим гашта, бузургтарин шараф ва нишондиҳандаи мардонагиву ҷасорат  ба ҳисоб меравад.   Ба ёд меорем, даврони пешро, ки чӣ гуна бисёрии ҷавонон бо як шавқ ва ҳиссиёти баланди меҳанпарастӣ барои адо намудани хизмат ба Ватан ариза менавиштанд.  Агар аризаи касе бо ягон сабаб рад гардад, ин барои ҷавон зарбаи сахт буд ва худро дар байни мардум нороҳат ҳис мекард. Он нури фурузони меҳри Ватан дар дили бобоёну падарони мо аз хурдӣ фурузон буд ва дар дил орзу мекарданд, ки ҳар чӣ зудтар ба хизмати ҳарбӣ раванд, либоси аскарӣ ба бар кунанд, ки ин як шукуҳу шаҳомат ва ифтихор аз хизмати Модар –Ватанро нишон медиҳад. Ин насли гузашта, ҳоло ҳам фарзандону наберагони худро дар роҳи ҳимояи Ватан раҳнамоӣ мекунанд ва таъкид мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ аз хизмат ба меҳан, ба давлату ҷомеа саркашӣ накунанд. Шарафи мардонагиро муқаддастарин арзиши инсонӣ дониста, инро шиори худ гардонанд. 

Ба ҷавонони имруза муроҷиат карда, мегуем, ки ҷасорату мардонагӣ ва нангу номусро мақасади зиндагии худ дониста, аз душворӣ наҳаросида, мардонавор ба хизмати Ватан усувор шаванд ва дар ягон маврид аз хизмат ба Ватани азизи худ даст накашанд. Ҳифзи давлат  ин ҳифзи шаъну шарафи модару хоҳар, таъмини хушбахтии кудакон, кафолати амнияти хонадон ва пойдории сулҳу ваҳдат аст.  Магар аз ин хушбахтиҳо мард бояд сарпечӣ кунад? Магар ба марди тоҷик мезебад, ки ҳимояи хонаву дари худро ба каси дигар супорад? Он ҷавононе, ки аз чунин шарафи бузург ру мегардонанд, оянда дар назди фарзандони худ оиди ҷасорату мардонагӣ чӣ тавр сухан карда метавонанд?

Пас, ҷавонон аз фурсати тиллоии худ – сайқали виҷдон ва доштани шарафи бузург, ки манфиати онро дар ҳамаи ҳаёти худ ҳис мекунанд, истифода бурда, ба номи баланду унвони пурифтихори Сарбози Ватан сазовор шаванд, то ки дар назди фарзандон, наберагон ва вичдони худ қарздор намонанд.

Саидхоҷаева Д.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд