Барои балан бардоштани иқтидори иқтисодии мамлакат  пеш аз ҳама амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки  он ҳамчун   тавлидкунандаи арзиши изофии ба миён меояд. Ҳар чӣ мамлакат аз ҷиҳати саноатикунонӣ пурқувват бошад ҳамон қадар хазинаи мамлакат бою ғанӣ мегардад ва дараҷаи иқтисодии мамлакат бой мегардад.

Дар паёми навбатии Пешвои миллатамон оварда шудааст,  шумораи корхонаҳои саноатӣ дар замонӣ соҳибистиқлолӣ ба 2360 расонида шуд.

Танҳо соли 2021-ум 256 коргоҳу корхонаи нав бо 2500 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки барои баландбардории сатҳи иҷтимоии сокинони мамлакат то як андоза мусоидат менамояд. Агар маҳсулоти истеҳсолкардаро ба фурӯш барорем ба буҷаи мамлакат боз маблағи иловагӣ ворид гашта барои баланбардории сатҳи иҷтимоии сокинон, бландбардории нафақа ва иҷрокунии дигар имтиёзҳо имконпазир мегардад.

Аммо бо вуҷуди имтиёзу сабукиҳои зиёди пешниҳодгардида имконияту иқтидорҳои истифоданашуда барои боз ҳам тезонидани суръати саноатикунонӣ ҳанӯз зиёданд.

Зеро захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои рангаву қиматбаҳо, инчунин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозӣ рушд намуда, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёбад ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад.

 Дар бисьёр мавридҳо мо ашёи хомро ба фурӯш мебарорем, ки он тамоман нодуруст аст ва он зарар ба даромад аст. Мо бисьёр маврид гумон мекунем, ки арзон истеҳсол намудем, ку ду маротиба  зиёд аз арзиши истеҳсолиаш фурӯшем хуб аст.  Ҳол он ки дар бисьёр мавридҳо маҳсулоти ниҳоиро ба ду ва се маротиба аз нархи харидориаш зиёд муфурӯшанд.

Аз ин лиҳоз, барои ташкили корхонаҳо бо технологияҳои муосир, паркҳои инноватсиониву технологӣ, марказҳои коркарди иттилоот ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда бояд тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар давоми панҷ соли оянда, яъне дар доираи «Солҳои рушди саноат» тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз кардани боз якчанд корхонаи бузурги соҳаи маъдан оид ба коркарди ниҳоии ашёи хом бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имконпазир мебошад.

Бо ин мақсад, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти марбута барои ҷалби сармояи мустақим чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, дар 5 соли минбаъда барои таъмин кардани рушди саноати сабук доир ба таъсиси 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Илова бар ин, бо дарназардошти фароҳамсозии омилҳои ҳавасмандгардонӣ дар корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла корхонаҳои нассоҷии дар ихтиёри давлат қарордошта низоми идоракунии корпоративӣ роҳандозӣ ва бо ҷалби бахши хусусӣ фаъолияти самараноки онҳо ҳарчи зудтар таъмин карда шавад.

Қудузова М, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд