Дар кишвари мо бо мақсади сураътбахши бахши саноат санатикунонии босуръат ҳадафи чоруми миллӣ қарор дода шуд. Ин тадбири навбатии Сарвари давлат ба он нигаронида шудааст, ки  мо бояд ба хотири фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, вусъати коркарди маҳсулоти аввалия то маҳсулоти ниҳоӣ корбарӣ намоем. Воқеан агар мушоҳида кунем, асоси тараққиёти тамоми кишварҳои дунё саноаткунонӣ мебошад.

босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд.

Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқтисодиёти дигар давлатҳо вобаста мебошад, зеро бисёр молҳо аз давлатҳои хориҷа ворид мешаванд. Воридоти мамлакат зиёд мебошад аз содирот. Бояд, ки баракс бошад, яъне содирот зиёд бошад аз воридот. Аз ин нишондиҳанда пешравии соҳаи саноат ва умуман иқтисодиётро баҳо додан мумкин аст. Ин молҳои воридшаванда аз қабили хӯрока, пӯшока ва дигар лавозимоти мардум мебошад. Савол ба миён меояд, ки барои чи мо ин молҳоро воридот мекунем? Ҷавоб оддӣ аст:

  1. Молҳое, ки воридот мешаванд, молҳои аввалиндаҷа ва зарурианд.
  2. Дар дохили кишвар ба таври кофи истеҳсол карда намешаванд.
  3. Баъзе молҳое, ки дар дохил истеҳсол мешаванд, нархи баланд дорад нистаби моли воридотшаванда ва бо ин сабаб талабот ба моли воридотшаванда зиёд мегардад.
  4. Соҳибкорони ватанӣ бисёртар ба хариду фурӯш ва ворид намудани молҳо аз дигар давлатҳо аҳамияти хоса медиҳанд ба ҷои истеҳсол намудани онҳо дар дохили кишвар.

Ҳамаи ин ҷавобҳо тарафҳои мусби ва манфии худро доранд ва ҳамаи ин ҷавобҳо сабаб ва мушкилотҳои худро доранд. Мо ба омилҳои беруна таъсир расонида наметавонем, лекин метавонем шароите дар дохили кишвар муҳайё кунем, ки соҳаи саноат рушд ёбад ва ин сабаб мешавад барои рушди иқтисодиёти мамлакат.

Ҳангоми содироти молҳо мушоҳида кардан мумкин аст, ки қисми молҳои содиршаванда ба намуди ашёи хом ба давлатҳои хориҷа мераванд. Дар онҷо раванда пурраи истеҳсолиро гузашта боз қисми он молҳо ба намуди маҳсулоти тайёр ворид карда мешаванд. Ворид карда мешаванд, лекин нархи онҳо аллакай чанд маротиба меафзояд ва ин боиси таъсири манфи расонидан ба иқтисодиёти миллии мо мебошад. Албатта қисми дигари он ашёи хом дар Тоҷикистон раванди пурраи истеҳсолиро гузашта ба маҳсулоти тайёр табдил меёбанд, лекин ин нишондиҳанда кофи нест. Мо бояд сад фисад он ашёи хоми ватаниро дар дохили кишвар коркард карда, ҳамчун маҳсулоти тайёр содир кунем. Бо ин гуфтаҳо боз бармегардем ба саноаткунонии иқтисодиёт, ки ин сабаби асоси аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саноаткунони шуда истодааст, лекин саноаткунонии босуръат нест. Ҳангоми таъмин намудани саноаткунонии босуръат ва рушд ёфтани соҳаи саноати мамлакат, мардуми кишвар бо ҷойҳои кории доими таъмин карда мешаванд.

Имрӯз ба мо маълум аст, ки муҳоҷирати меҳнати ба сатҳи баланд расидааст. Ин падида албатта сабабҳои худро дорад, яъне мардум маҷбур мешаванд ҳангоми пайдо накардани ҷойи кории доимӣ ба муҳоҷират даст мезананд.

Аз ин маълум мешавад, ки соҳаи саноат ба тамоми дигар соҳаҳо таъсири худро мерасонад. Ҳангоми қафо мондани соҳаи мазкур, таъсири манфи ва ҳангоми пеш рафтанаш таъсири мусбии худро мерасонад.

Хулоса пешниҳоде, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди саноаткунонии босуръати кишвар сад фисат дуруст мебошад ва айни муддао аст.

Сатторов Шарифҷон,         устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд