Замоне, ки феълан инсоният ба сар мебарад, замони ноором ва пурталотум аст. Зеро амалҳое, ки аз ҷониби баъзе одамсуратону вале шайтонсиратон ба амал меояд тасвирнокарданӣ. Шояд табиати инсонӣ бошад, ки одамӣ ҳеҷ гоҳ оромиро намеписандад ва умуман, ором будан хоси инсон нест, зеро рисолати вижа ва густурдае дорад дар зиндагӣ, то зинда бошаду зиндагонӣ кунад. Он амалҳое, ки имрӯз аз ҷониби гурӯҳе аз ҳизбҳо ки ба номи ислом доғ меорад, ҳаргиз ба ислом рабт набояд дод. Зеро ислом  дар фАрмудаҳои хеш ҳамеша ростиро тараннум мекунад. Қатлу куштор шеваи ислом нест. Ва Сарвари давлат низ борҳо дар баромади хеш ба ислом вобаста донистани ҷараёнҳои ифротгароӣ ва терррозимро маҳкум кардаанд. Чун сухан дар бораи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ меравад ва сару садоҳое, ки дар онҳо баланд мешаванд, инсони комилро водор бояд созанд, ки ба андеша равад ва таҳаммул кунад, ки он ҷо чӣ гапу чӣ ҳарфест.

Ва аксаран ба мушоҳида мерасад, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ касе, чизеро ки хоҳад манзур менамояд ва ҳарчи хоҳад мегӯяду менависад ва истифодабарандагон дониста ё нодониста, огоҳона ё ноогоҳона ба он дода мешаванд, аз он ба гуфти мардум "нархи шалғаму пиёзро напурсида" истинод мекунанд, ки боиси ташвиш ва нигарониҳо мегардад... Масалан, имрӯз берун аз марзи ҷумҳурӣ, он нафароне, ки ҷилои Ватан кардаанд ва ғалат ҳам кардаанд, перомуни масоили зиндагӣ ҳарзагӯӣ  доранду дар назари худ росткору ростгуфторанд, мардуми ҳангоматалабро ба шӯр овардаву дар доми балои худ гирифтор кардаанд ва дар бораи чӣ гуна зистану чӣ гуна орову андеша доштан ҳадс мезанад ва панду насиҳат мекунанд мардумро, ки ин гуна бояд гуфту шунид ва андешиду рафтор кард. Бехабар аз он ки чоҳ дар роҳ аст, "толибону шавқмандони расидан ба зиндагии ободу осуда" ҳамраҳиву пайравӣ мекунанд онҳоро ва мепайванданд ба ҳамон гурӯҳҳои радикалию ифротӣ ва қаблан дар худ намеандешанд, ки чаро як иддае ин қадар "ғамхору ғамшарики" онҳост ва "бахту саодати" онҳоро мехоҳанд ва биҳиштеро муҳайё кардаанд баҳри роҳату фароғати онҳо... Ва дар хаёл меорад ин амали гумроҳон мақоли "шушро дида, курта сӯхтан" - ро... ...

Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ва тоҷикистониён дар як давлати тинҷу осуда ва орому озод, сулҳбору ваҳдатшиор (Худованд аз чашми бад ва аз офатҳояш нигоҳ дорад Тоҷикистони азизи моро ва ҳамаи сокинони ин сарзамини биҳиштосоро) ба сар мебаранд ва давлату Ҳукумати кишвар, таҳти роҳбарии фарзонафарзанди миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона, дурандешона ва бунёдкоронаву созанда баҳри пешрафт ва шукуфоии кишвар ва фароҳам овардани зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар талош меварзанд. Ва дар пеши чашм ин покмаҳзарсарзамин рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад, ки ин ҳама аз файзи соҳибистиқлолии давлат асту озодии мардум. Дар бораи рушду нумӯи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми мондагори Пешвои миллат дар ин ҳама рушду инкишоф ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа бисёр навиштаанду боз хоҳанд навишт ва бояд навишту гуфт, аммо набояд фаромӯш кард, ки ин ҳамаро ношукргузорона нодида гирифтан ва санг андохтан аз хонаи ҳамсоя ба хонаи худ, маҳзи носипосӣ ва кӯрнамакист, ки на таърих мебахшаду на Худованд ва на халқу на миллат ва на инсофу на виҷдон. Ба гуфтаи Сайидои Насафӣ: Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст, чу баҳр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад... Аз ин хотир, ҳар он нафаре ки дар Тоҷикистон ба сар мебарад, бояд ба қадри ин ҳама заҳмату неъматҳо расад ва фаромӯш насозад, ки касе аз берун ғамхори ӯ нест ва дода нашавад ба андешаю даъватҳои пучу бебунёди носипосон ва хоинони Ватану давлату миллат, ки ҳадафи онҳо саодати давлату миллати тоҷик нест. Онҳо аз ин ҳама ободиҳо, бунёдкориву созандагиҳо ва осударӯзгориҳо дар Тоҷикистон ва толеу иқболи баланди мардум дар ин сарзамин рашк мебаранд ва намехоҳанд бинанду таҳаммул кунанд ин ҳамаро. Ҳадафи душманони давлату миллат ба ҳама равшан аст. Пас, бояд ҳар як сокини кишвар бо шукгузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ барои ободии он кӯшад.

Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд