Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар айни замон марҳилаи рушду тараққиёт ва пойдорнамоии сулҳу суботро аз сар мегузаронад, талош варзида истодааст то дар роҳи тайкардааш муваффақу комгор бошад. Аммо ин пешравӣ ва ободиву озодии миллати моро бархе чашми дидан нокарда, мехоҳанд, ки фазои истиқлоли моро вайрон намоянд. Мо, мардуми бофарҳангу соҳибтаммадун ва қавиирода ҳастем. Ба нафаре чун хоини миллат бар зарари мардум рафторҳои нохалаф кардааст, дар ин марз ва дар миллати мустақил роҳ нахоҳем дод ва афкори он нафаронро ҳатто дар зеҳни худ ҷой ҳам намекунем.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст, бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ҳамватанони азиз ҳар кадоми Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бояд барои пешравии миллатамон саҳмгузор бошед, зеро ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият  хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарози аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии Ҷумҳуриамон саҳми сазовореро гузоранд.

Мусаллам аст, ки ҷаҳони имрӯза паи ҳар гуна сиёсатбозиҳост. Аз ин ҷост, ки дар такл ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба ҳамаи шаҳрвандони баору номус ва меҳанпарасти миллат даъват ба амал меоварам, ки қабл аз ҳама зиракии сиёсии хешро аз даст надода, барои муҳофизати якпорчагии ватан хизмат намоянд. Чи хеле, ки аз расонаҳои хабари маълум мегардад, тарафҳои мухолифин ба фикри худ майдони набарди иттилоотро холӣ дида, тавассути он ҳар гуна ахбороти дуруғинро паҳн сохта истодданд. Ин амали онҳо барои худсафедкунии  худ аз ҷумлаи роҳбари ТЭТ ҲНИ,Кабирӣ оғоз намуда, то намояндагони “сухандону диндораш” равона гардидааст. Бад-ин мақсад хоста истодаанд, ки мардумро тарафи худ кашида, дар миёни онҳо тафриқа эҷод карда истодаанд.

Дар асл ин баромадҳои назҳатиён дар Варшава дар конфронси солонаи САҲА ҳамааш пучу бемӯҳтавост, инро ҳатто иштирокдорон низ пай бурда, эшонро баром баромад намудан иҷозат ҳам надоданд. Ин пайгирии иштирокдорон ва дар миёни майдони шармандаги қарор гирифтани назҳатиҳо худ зарбае буд, ки бори дигар онҳоро огоҳ сохт, то бобати Тоҷикистон бӯҳтону тӯҳмат намуданро бас кунанд. Ва бинобар чунин маърӯзаи одамфиребонаи ин ифротиён масъулини конфронс маҷбур гашт, ки Кабирӣ ва намояндагони аз ватан бадарға гаштаро аз ин конфронс низ бадарға намуданд. Ин дар ҳолест, ки кори конфронс ба охир нарасида буд. Ва таъкид ҳам сохтанд, ки агар дуюмбора чунни кори  худро такрор созанд, ширкати онҳоро минбаъд қатъ хоҳад кард. Ин муқаррароти нав, тамоми нақшаҳои иғвогаронаи ТЭТ ҲНИ-ро барбод дод, зеро онҳо барои эҷоди чунин намоишу эътирозҳо дар доираи ин ҷаласа моҳҳо тайёрӣ дида буданд. Яъне «чоҳканро зери чоҳ намуданд». Зеро баромади Кабирии бадтинатро аз риштаи муҳокимаи гузаронида будам, ки саросар аз ташвиқоти ифротгароӣ дарак медод.

Гузашта аз ин аз ҳамин минбар истода, бо изҳори табрикоти «самимона нисбати ҳамватанонаш» мардумро ба ворид шудан ба ин ташкилотҳи иртиҷоӣ таҳрик намуда истодааст.

Тоҷикистон мулки соҳибихтиёр, демократи комилҳуқуқ ва ягона мебошад. Сулҳи он пойдор ва ваҳдату ягонагиаш бо талошу заҳматҳои мардуми башардӯсташ устувору ҷовидон хоҳад монд. Зеро ин сарзамину мулки соҳибдилону равшанзамирон аст, мулки озоду обод аст, мулке аст, ки бар ивази ҷони ҷасурмардону ватандӯстон ба мустақилияти воқеи шарафёб гардадааст.

 

                                                            Мавлонова Маърифат                                                                          мутахассиси шуъбаи ВАО