Давлат ва Ҳукумати кишвар ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба хотири амну суботи кишвар аз гурезагони сиёсие, ки хатогиашонро дарк намуда,  ихтиёран ба Тоҷикистон бармегарданд, аз гуноҳҳояшон мегузаранд. Ин пайғом агар барои нафарони дар чорсӯи тақдир ҳайронмонда, ҳадяи тақдир бошад, ба он нафароне, ки пешравии кишварамонро чашми дидан надоранд, зарбаи ҷонкоҳе зад.  Аз ҷумла, Илҳом Ёқубов бо супориши хоҷааш Муҳиддин Кабирӣ барои гирифтани пеши роҳи ин тадбири адолатгустарии давлат ва Ҳукумат «ҳолнома»-и Мирзохӯҷа Исмоиловро ба тафсир кашидаанд. Ба навиштаи мубаллиғони ҳизб гӯиё ӯро бо роҳи фиреб ба Тоҷикистон овардаву ӯ мавриди фишору шиканҷа аз ҷониби КДАМ қарор гирифтааст. Онҳо бо ин навиштаашон хостанд аз як нишон ду сайд ба даст оранд. Аввал ин ки бо ин мақолаҳояшон пеш роҳи пушаймоншудагонро мегиранд, сонӣ мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилӣ паст мезананд. Аммо тирашон хок хӯрд.

Худи Мирзохӯҷа Исмоилов дар нашрияи «Нигоҳи халқ» ин овозаро рад карда, иброз доштааст, ки ӯ ба доми фиреби Илҳом Ёқубов афтида, муддате дар  шаҳрҳои Аврупо хизмати онҳоро ба ҷо овардааст, чун дидаст, ки онҳо бар зидди давлат кор мекунанд, пушаймон гардида, аз раъйаш  гардидааст.  Ин бори дигар бадтинатӣ ва аз авомфиребии наҳзатиён дарак медиҳад. Ин нафарон сарҷамъ гардидани миллати тоҷик, сулҳу субот ва оромии ин кишвар ва ба пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоии он кинаву бадбинӣ дошта, миёни аҳолии сулҳпарвар ва меҳнатдӯсти тоҷик бо ҳар роҳу восита тафриқаандозӣ менамоянд.

Мо дида истодаем, ки бештар ин тафриқаандозиҳоро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ он хоиноне анҷом медиҳанд, ки дар давлатҳои хориҷ, хусусан Аврупо сукунат дошта, зархариди хоҷагони бадхоҳи миллатамон гаштаанд. Наҳзатиён нангу номусашонро фурӯхта имрӯзҳо дар пайи гумроҳ кардани дигар ҷавонони бетаҷриба мебошанд.  Хандаовар он, ки думравони Кабирӣ ба худ вазифаҳои баландро дода, бо ташкили «Паймони миллӣ » имрӯз корбарӣ мекунанд.  Аммо имрӯз миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат ва фарзандони боору номусаш тавонистааст, ки дар таърихи наонқадар дарози соҳибистиқлолӣ як зиндагии шоистаро барои худ аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барпо намояд.

Таърих ба ҳама суолҳо ҷавоб дорад. Бо гузашти ду даҳсола аз итмоми ҷанги шаҳрвандӣ воқеияти он рӯзҳо ба ҳамагон аён аст, ки аз сӯи собиқ маъсулони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзат боз ба сари мардуми тоҷик нооромиҳоро мехоҳанд ташкил кунанд. Пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари миллати тоҷик ва намояндагони давлату Ҳукумат  борони туҳматҳо мерезанд, баҳсу мунозираҳо карда, баромадҳои бемаврид ва бемазмунро баён менамоянд.

Махсусан ҳамин паймонсозиҳои мазҳакавиашон нишон дод, ки дигар дар хориҷи кишвар ҳам обрӯву эътиборашонро аз даст додаанд. Ин наҳзатиён, хусусан ифротгароён дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломиро нодуруст шарҳ дода, дар маҷмӯъ дар назди кулли мусулмонон беэътибор гардидаанд.

Онҳо ба ҳар роҳе набошад мекӯшанд, ки садди роҳи зиндагии хушбахтонаи мардум гарданд. Вале ҳама кӯшишҳои онҳо барбод рафт ва тирашон хок хӯрд.

Наҳзатиёни лаънаткардаи халқ чун ҳар ташкилоти дигари террористӣ-экстремистӣ ҳадафи дар Тоҷикистон ноором сохтанро доранд, ки мардуми бофарҳангу қавииродаи мо инро бисёр хуб медонанду бар зидди ин хоинони миллат ҳамеша мубориза мебаранду хоҳанд бурд. Аҷиб ин аст, ки ҳамин наҳзатиён мехоҳанд ҳамеша ваҳму тарсро ба сари миллати мо гузоранд.

Аммо сулҳу ваҳдат орзуву омоли кулли мардуми  кишвар  аст, мо ҷавонмардон намегузорем, ки чунин нохалафон боз дубора ба сари халқи мо мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд.

Хушбахтона, мардуми покниҳоди кишвари мо, ки дар дарозои таърих тавре дар боло ишора кардем ҳамеша фарҳангро болотар аз ҳама чиз медонисту бар зидди душманон на ба силоҳ, балки бо китоб мебаромад, ин бор низ исбот кард, ки ҷангу хунрезӣ, дасисаву ноадолатиҳоро қабул надорад. Президенти халқпарвар Эмомалӣ Раҳмонро чун такягоҳ ва роҳнамои миллат  қабул кардааст. Зеро кишвари ҷангзадаи мо дар ҳама марҳилаҳо танҳо мурувату осоишро болотар аз ҳама медонанд.

Муаттар Раҳматова,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд