Шукронаи ободиву озодии диёрам. Шукронаи зиндагонии босаодати мардуми кишварам. Шукронаи онро дорам, ки мардуми соҳибфарҳангу баору номус ва ватандӯст дорам. Шукрона мекунам, ки дар Ватани азизу маҳбуб ва соҳибистиқлол умр ба сар мебарам. Бале имрӯз рисолати ҳар фарди бонангу номус он аст, ки қабл аз ҳама Ватани худро дӯст дорад ва онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад. Ба он хотир, ки миллати тоҷик аз азал меҳанпарасту ватандӯст буд ва то кунун ин оини нек миёни мардуми диёр анъанавист. Вале, ҷоиз ба таассуфф хӯрдан аст, ки бархе кӯрдилону носипосон қадри ин ҳама муқаддасотро намедонанд, аниқтараш аз рӯи хасисиву хоинии худ ин ҳама арзишҳоро нодида мегиранд.

         Тавре аз расонаҳои хабарӣ огаҳ гашта истодаам, чанд нафар аз хоинони миллат, душманони кӯри давлати соҳибистиқлоли мо аз вазъи кишвари мо “изҳори нигоронӣ” карда истодаанд. Ва мехоҳанд инро ҳамчун воситаи таъсиррасонӣ ба раванди конститутсионии давлатамон истифода баранд. Мо медонем, ки дар гузашта бо айби чанд нафар мазҳабпарастону бегонапарастон кишвари моро офат расид. Албатта, ки вазъи имрӯзаи миллати тоҷикро дида, тамоми олам барои мардумонаш аҳсант мехонанд. Чанде пеш ин миллатро офат расида буд ва хиради азалии мардумони бофарҳангаш буд, ки ҳам оташи чангро хомӯш карданду ҳам ба Истиқлолияти давлатӣ шарафёб гаштанд. Аммо он “изҳори нигаронӣ”-е, ки мухолифон нисбат ба миллати мо доранд, моро нигаронтар кардааст, нисбати худ. Зеро роҳбари паймонбандони наҳзатӣ, Кабирӣ сухан мекунад аз дину ахлоқ, Саидюнуси Истаравшанӣ аз ҳамидагиву покии инсони мусалмон ва Илҳом Ёқубову Шерзамону дигарон баромада оид ба озодбаёни ва зиндагии шоистаи мардум ва одоби диндориву намозхониву покии ислом. Аммо суоле ба миён меояд, ки ҳамин “исломдонҳо” бо исломгароии худ боре ҳам бо самимият номи Эзидро ба забон оварда бошанд? Китоби муқаддаси Қуръонро ба даст гирифта бошанд, хонданаш ҳоло як тараф. Ислом ва Худое, ки онҳо талқин мекуннанд он аст, ки худ сохтаанд, яъне ба сиёсатҳои худ ба амалкардҳои худ онро омезиш додаанд. Барои ҳамин дар дини онҳо амалҳои ношоиста ва ғайриахлоқона ба назар мерасад. Мо ҳама аз гузаштаи ҳамин зикршудагон ва дигар муллоҳои чинбарори тарбияткардашон хабар дорем, ки дар назди оинаи одоб, ахлоқ мегӯянд ва дар паси оинаи ахлоқ  ҷои хилват дида, кори дигар мекуннанд.

Вале то кай хостти худро амалӣ месозанд, ҳар ҷумла дар охири худ нуқта дорад. Рӯзе мешавад, ки ҷумлаҳои наҳзатиҳо низ поён мерасанд ва ин анҷом ёфтани ҷумлаи онҳо заволи мухолифии онҳо хоҳад буд. Зеро аз он, ки дасисаву ҳангомаҳо месозанд худ хаста мешаванд. Ва айнан ба мисоли Шарофиддин Гадоев худ ба ватан баргашта таслим хоҳанд шуд. Вагарна дигар чора надоранд, чун он хоҷагону фармондеҳонашон то дари гӯри худ онҳоро намебаранд – ку? То мурданашон онҳоро бо ҷойи зисту хӯрду хӯрок таъмин нахоҳанд кард. Чун рӯзе пешвоёнатон дигар мешаванд, яқин донед, ки ҳар яки зердастонашон низ дигар мешавад. Ва ҳамон вақт манманиҳо хотима меёбанду шумо мефаҳмед, ки аз Ватан дида ҷои муқаддасстару азизтар маконе нест, ҳатто агар шоҳи олам ҳам бошед.

Маҳмудова Ф.М., устоди кафедраи А ва ИН