Имрӯз барои мардуми тамаддунофари тоҷик қисмат имтиҳони дигареро пеш овардааст. Бархе аз саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ ва азҳоби сиёсӣ барои халалдор кардани оромии кишвар бо истифода аз расонаҳои гуногуни хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ рахна ба мазҳабу ваҳдати бадастомадаи мардум зада истодаанд. Инҳо намояндагони ташкилоти терористиву экстремистии  наҳзатиҳоянд, ки агар дар кишвари мо қаноти парранда шиканад ҳам табли шодӣ мезананд ва барои ҳангомасозиҳои бемантиқ азм мегиранд.

Мо халқи тоҷик озодӣ ва ҳуқуқҳои конститутсионии худро муқаддас шуморида, ба ваҳдат, баробарию бародарӣ ва дӯстии миллату халқиятҳои Ватани азизамон - Тоҷикистон арҷ гузошта, баҳри бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо азму иродаи қавӣ талош меварзем. Нагузорем, ки наҳзатиҳои нобакор ақидаҳои мардумфиребона ва дурӯғини худро паҳн кунанд. Барои ноором сохтани миллати мо саҳм гиранд. Барои зарба задан ба ин ҳадафҳои нопоки наҳзатиҳо, моро мебояд, ки қабл аз ҳама худогоҳу масъулиятшинос ва меҳанпараст бошем.

Ҳоло боз як тӯҳамати нанговар алайҳи миллати мо зада истодаанд, ки гӯё ба марги ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова кишвари моро айбдор карда истодаанд. Ба наҳзатиҳо гуфтаниам, ки ин мутаҳамии шуморо ҳатто худи шавҳари Файзинисо инкор карда, иброз доштааст, ки ҳамсараш таи се соли охир аз бемории Гепатити «Б» азият кашида, оқибат ин маризи ӯро ба доми марг кашидааст. Номбурда ҳатто ба наҳзатиҳо даъво доштааст, ки ҳадди ақал Файзинисоро дар қабраш ором монанд.

Масъалае, ки Файзинисо зидди қануниятҳои давлатӣ баромадааст, ин дар гузашта монд. Гузашта аз ин заҳр дода куштани мухолифон ин хоси амалҳои наҳзатиҳои терорист аст. Файзинисо агар ба давлати худ мухолиф шуда бошад ҳам, ин кори намояндагони наҳзатӣ буд, ки ӯро баро зидди миллати худ таҳрик кардааст. Бо вуҷуди ин ҳама бӯҳтонҳои мухолифон нисбат ба марги Файзинисо Воҳидова Ҳукумати кишвар дар ин бобат далелҳои ташхисиву табобатии мавсуфро ошкор кардаанд, ки дар ҳақиқат ӯ ба бемории вазнин гирифтор шуда буд, ки табобатнашванда аст. Муаммои заҳролудкунии Файзинисо, ки наҳзатиҳо ба мо тӯҳмат мекуннанд аз рӯи муттаҳами ва дурӯғгӯии эшон аст. Ин ифротгарон акнун аз мутаҳҳамкунӣ ёфта гирифтаанд.

Бо боварии комил иброз менамоям, ки касе ба ин тӯҳмати мазҳабфурӯшон дода нашуда, барои маҳкум намудани ақидаҳои моҷароҷӯёнаи наҳзатиҳо далелҳои инкоркуннадаро пайдо созанд. То тамоми мардум, бахусус наҳзатпарастҳо донанд, ки миллати тоҷик аз азал башардӯсту фидокор ва масъулиятшинос буд. Ва то кунун ин урфу одатҳои неки ниёгон сармашқи кори имрӯзиён аст.

Ин ҳама таблиғоти бемаъно танҳо ба хотири он аст, ки миллати мо ба ҳар гуна дасисаҳои нобакорон овара гашта, аз ҳоли рушд боз монад.

Мо, ҷавонони саодатманди диёр, дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ изҳор менамоем, ки дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор медонем, ки баҳри истиқлолияти комили мамлакат ва рушду тараққиёти кишвар дар радифи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузорем.

Исломова Муҳаёхон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд