Ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ барои амалӣ сохтани ҳадафҳои созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди коҳиш додани сатҳи амалҳои коррупсионӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ дар донишкада яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолият маҳсуб гашта, дар донишкада аз рӯи “Нақшаи чорабиниҳои донишкада доир ба стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” муташаккилона корбарӣ бурда мешавад. 

Бо мақсади боз ҳам бештар огоҳ гардидани ҷавонон аз оқибатҳои ин амали номатлуб санаи  8 декaбри соли рaвон дар толори донишкада бахшида ба 9 декабр – Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия бо иштироки сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд, подполковники адлия Зарифӣ Дилшод Неъматзода ва сардори шуъбаи ташкили кор, назорат ва иттилоотии Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дaр вилояти Суғд, капитани адлия Муҳаммадӣ Сӯҳроб Раҳмонзода бо донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид.

Муовини директор оид ба тарбия Зaриф Довудов  чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки  мутаассифона, имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро дар баробари хатарҳои терроризму экстремизм, ҳамчунин амалҳои ришваситонӣ ё ба истилоҳ коррупсионӣ ба ташвиш овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои зиёди худ, алоҳида дар бобати муборизаи ҳамагонӣ бар зидди коррупсиониро яке аз унсурҳои пешрафтаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дониста, таъкид ба таъкид ҳамагонро барои решакан намудани ин доғи сиёҳи ҷомеа даъват менамоянд.

Қобили зикр аст, ки ҷомеаи меҳнатии донишкада ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ барои барҳам задани ин вабои аср кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд. 

Зарифӣ Дилшод Неъматзода дар мавзӯи “Вазъи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионӣ дошта ва роҳҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ” сухан намуд. Қайд гардид, ки Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 ва дар асоси нақша чорабиниҳои асосии Агентӣ ва Раёсат барои нимсолаи дувуми соли 2018, супоришҳои бандҳои Протоколи ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Агентӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Дар самти мубориза бо коррупсия, дар ин давра 483 ҷинояти коррупсионӣ  ва иқтисодии характери коррупсионӣ дошта ошкор карда шуд. Ҳамчунин аз ин шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда (173) ададашро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳад. Маблағи зарар аз рӯи онҳо 64.4 (49,4) млн. сомонӣ буда, то ба имрӯз – 43,4 млн. сомонӣ рӯёнида шудааст, ки 67,4%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра 74 ҷиноят вобаста ба замин ошкор ва ба қайд гирифта шуда, дар ин давра ба масоҳати 2,05га қитъаҳои замини   ғайриқонунӣ тақсимгашта ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд. Дар самти пешгирии коррупсия, дар давраи ҳисоботӣ  ба маблағи - 260 500 сомонӣ ҷарима рӯёнида шуд. Инчунин дар ин давра аз тарафи кормандони Раёсат – 9 ҳолати хизмати якҷояи хешовандони наздик, ки бар хилофи талаботи модаи 9-и Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Дар бораи хизмати давлатӣ» мебошанд, ошкор ва бо андешидани чораҳои қонунӣ бартараф карда шудааст.  

Кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд минбаъд низ баҳри расидан ба натиҷаҳои назаррас вобаста ба ошкор ва пешгирӣ намудани содиршавии амалҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусиятҳои коррупсионидошта фаъолияти худро тақвият бахшида, вазифадор карда шуданд, ки баҳри таъмини сиёсати давлат дар ин самт чораҳои заруриро татбиқ намоянд.                  

Муҳаммадӣ Сӯҳроб Раҳмонзода дар мавзӯи “9-декабр рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия” сухан намуд.  Қайд гардид, ки  барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуда, 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати иштирокчӣ кушода эълон гардид. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кули Созмони Милали Муттаҳид 9-уми декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид.

Конвенсия ҳуҷҷате мебошад, ки асосҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсияро аз ҷониби давлатҳои аъзо ва меъёр самти фаъолиятро ба танзим медарорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузоштааст ва аз ҷониби маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Аз ин рӯ, тибқи муқаррароти модаи 10 Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкур, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф гардид, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар мебошад ва қонунҳои амалкунанда бояд мутобиқи талаботи он мувофиқ гардонида шаванд.

Вобаста ба ин санаи таърихӣ муддати 12 сол мешавад, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои муҳим доир намуда, таҷлили ин санаи байналмилалиро бо гузаронидани конфронсу машғулиятҳои илмию назариявӣ, чорабиниҳои таблиғотӣ, баргузории вохӯриҳо бо хизматчиёни давлатӣ, хонандагон ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ мутобиқ ба талаботи Конвенсияи СММ ба таври мунтазам ба роҳ мондааст.

 

 Дар қисмати хотимавии чорабинӣ як гурӯҳ донишҷӯён вобаста ба фаъолияти Раёсати Агентӣ дар мавриди коҳиш додани сатҳи ришваситонӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд. Зарифӣ Дилшод аз ҷомеаи меҳнатии донишкада даъват ба амал овард, ки бо Раёсати Агентӣ боз ҳам ҳамкориро зичтар намоянд, то дар якҷоягӣ баҳри кам кардани ин зуҳуроти номатлуб кӯшиш варзанд.

Бо ҳaмин чорaбинӣ aнҷом ёфт.