Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ ва ҳизбу ҳаракати гурӯҳҳои ҷангҷӯён мебошад. Пайравон ва ё гурӯҳҳои манфиатҷӯйӣ номатлуб дар замони имрӯза ба истилоҳи “ғоратгар” ба шумор мераванд, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Яке аз чунин гурӯҳҳо Пайравони ҳаракати Толибон (ташкилоти дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ) мебошад, ки дар давлати ҳамсоякишвари мо, Афғонистон ба амалҳои террористӣ ва ҳуҷумҳои мусаллаҳона, вазъи дохил ва наздисарҳадиро ноором сохта, бо кушторҳои бераҳмона ва нақшаҳои даҳшатбор, кулбори ғамро ба сари халқи оддӣ ва ҳукумати вақт ҷорӣ намуда истодаанд.

 Вазъи хатарноки Афғонистон ва ҳаракати ин гурӯҳи мусаллаҳ, моро водор месозад, ки барои ҷоннок намудани Қувваҳои сарҳадӣ чораҷӯӣ кунем ва сарҳади давлатиро аз ҳар гуна ҳуҷумҳои ногаҳонӣ эмин нигоҳ дорем. Вобаста ба масъалаи мавридиназар, дар асоси фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Генерали артиш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  рӯзи 22-уми июли соли 2021  дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар ҳолати омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, сохторҳои қудратӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарӣ таҳти унвони “Марз -2021”  доир гардид, ки Пешвои миллат, тавассути шабакаи онлайнӣ ҳолати омодабошии ҷузъу томҳо ва афсарони эҳтиётиро назорат бурда, баҳои баланд доданд.

Воқеан вақте, ки сухан дар бораи ҳифзи Ватан меравад, беихтиёр матлабҳо оид ба корномаи Шераку Спитамен, Абӯмуслиму Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ва дигар қаҳрамонон ба ёдамон мерасанд. Темурмалик Ватанро чӣ гуна дӯст медошт, меҳри ӯ нисбат ба меҳан чӣ гуна буд?! Ӯ чӣ қадар барои ҳимояи Ватан ранҷу заҳмат кашид, барои аз хоки Ватан несту нобуд кардани душман бо шариконаш ҷонбозиҳо кард, барои сарпаст намудани душман хуни гарми хештанро дареғ надошт. Дар муҳорибаҳо ба душман рӯ ба рӯ истода, муқовимат нишон дод, охирин қатраи хунашро барои озодии Ватан нисор кард. Эҳсоси ин корнамоиҳо, донистани роҳи пуршарафи аҷдоди қаҳрамонамон, ҷасорату садоқати онҳо нисбат ба Ватан боис мегарданд, ки дар қалби ҳар як ҷавонмарди тоҷик муҳаббат нисбат ба Меҳан, ҳимояи марзу буми кишвар аз хуруҷи қувваҳои беруна ба маротиб боло равад. Ҳамзамон, мардони бонангу номуси ноҳия зери шиори:

  “Бар Ватан ҷон фидо мекунем,

   Ватан ҳар чӣ гӯяд адо мекунем.

садо бароварда, таъкид сохтанд, ки Ватан-Модар бароямон муқаддас аст, омодаем барои ҳимояи ин муқаддасот ҷонамонро дар хатар гузорем. Зеро ба ҷуз Тоҷикистонӣ касе дар пойдории амнияту озодӣ ва зиндагии шоистаи мо,  чораеро роҳандозӣ нахоҳад кард. Муҳайё гардидани чунин шароитҳои хуби амниятӣ дар кишвар, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки  баҳри ободӣ ва тинҷию амонии кишвар камари ҳиммат баста, он вазифаҳое, ки дар наздамон гузошта мешавад, бо сари баланд, бошарафона ва саршор аз ҳисси баланди ватандӯстӣ иҷро намоем. Зеро ҳифзи Ватан, таъмини суботу оромӣ, ҳимояи марзу бум ва сокинони он, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст! Чуноне, ки Сарвари Тоҷикон ишора намуданд, Тоҷикистон бо ягон гурӯҳ ва ё миллате азми ҷанг намуданро надорад, ҳамеша барои сулҳ дар миқёси олам талош меварзад, вале дар ҳолати вайрон намудани фазои ҳамдилӣ омодааст, бар зидди душман мисли қаҳрамонони миллат, ҷонфидоӣ кунад.

Ваҳобов Амиртимир, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд