Тавре ҳамагон огаҳ ҳастанд, чанд ҳафтаи охир шаҳрҳои Алмато ва дигарон аз нуқтаҳои доғи аҳли сайёра гардид. Зеро бо айби кӯрдилон, нафароне, ки мехостанд кишвари амнтаринро ба ҷангистон табдил ёфта, хазинаашро рабояд, вале тирашон хок хӯрд. Он гирдиҳамоӣ, ки аксарашонро ҷавонон ташкил медоданд, махсус барои нооромӣ созмон дода буданд. Мо хуб  медонем, ки дар бисёр кишварҳо алакай мушоҳида гардидааст, ки барои ноором сохтани як кишвари пешрафтаи осуда,  дасти иғвогарони бархе аз кишварҳои ғарб ҳамеша дароз аст. Зеро аз чунин нооромии кишвар манфиати зиёде ба даст меоранд. Инак, шоҳид гардидем, ки бо дассисаву найрангҳо як кишвари пешрафтаи тинҷу оромро ба чӣ ҳол оварда расониданд. Имрӯз тамоми васоити ахбори оммаи ҷаҳонӣ дар бораи Қазоқистон ҳарф мезананд. Ҳатто як хоини ба ном тоҷик Иқболи Садриддин нисбати Ҷумҳурии Қазоқистон ва роҳбарияти он дассисаҳо эҷод намуда истодааст. Хонандагони азиз! Бовар кунед дар ҳамаи ин ташкили гирдиҳамоиҳо нақши асосиро пул мебозад. Ин нарху наво ва ё дигар ҳамааш баҳона ва асосе доштанаст. Тасаввур намекунед, ки барои ҳар як иштирокчии гирдиҳамоӣ ҳаррӯза чи қадар маблағ дастрас мегардад. То кишвари Қазоқон дучори қашоқӣ ва тангдастӣ гардад. Имрӯз давлатҳои абадқудради дунё ба мисоли ИМА, Британия, Олмон, Исроил, Туркия барои соҳибияти фарҳангу тамаддун ва иқтисоду молиявии давлатҳои рӯ ба инкишоф талош варзида истодаанд. Яке аз нақшаи манфиатовари давлати бузург барои ғасби давлати нотавон ин ташкили эътирози мардум мебошад, ки баъди эътироз, гирдиҳамоӣ, ғоратгарӣ, таркиш ва баъдан ҷанг сар зада давлат ба нестӣ меравад.  Аҳсан ба (СААД) Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷаъмӣ, ки бо дастгирии роҳбарони олимақоми ин кишварҳо дере нагузашта аз пайи оромии ин кашвар гардиданду кумакҳои ҳарбии худро ба хотири ором кардани вазъи Қазоқистон фиристоданд. Албатта, дар ин кумаки дастаҷамъона саҳми кишвари мо низ назаррас мебошад, ки бо дастури  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории Маҷлиси Олии кишвар ҳайати 200 нафараи зудамалӣ низомӣ ба кумаки кишвари ба мо дӯст сафарбар гардид. Маълум гардид, ки дар сурати дӯсту тифоқ будани давлатҳои аъзои чунин созмон нотавонбинони ғарб натавонистан ба ҳадафҳои худ расанд. Ва мардуми эътирозгар дар асоси муроҷиатномаи дурусту пурмуҳтавои Перезиденти феълии кишвар муҳтарам Қосим Ҷомарт  Тоқаев, ки ба гуфтаҳои худ содиқ аст, майдонро тарк намуданд.   Вобаста ба таъсири нооромии Қазоқистон ба Осиёи миёна! Махсусан ба Тоҷикистон ҳаминро бояд гуфт, ки қисме аз таъминоти ғаллаи Тоҷикистон тибқи шартномаи байни ду давлат аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид мегардад. Дар сурати чунин ҳолатҳои фавқулодда Қазоқистонро зарур аст, то барои аҳолии худ дар ҳолати фавқулодда захираи ғаллаи худро то ором гардидани вазъият нигоҳ дорад. Инчунин, қисме аз дигар молу ашёҳо низ ба Тоҷикистон аз ҳамин кишвар ворид мегардад дар ин сурат болоравии нархи он ба вуҷуд омаданаш аз эҳтимол дур нест.                     

Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст ба хотири оромиву осудагии кишвари азизамон- Тоҷикистон, зиракиву ҳушёриро аз даст надода нагузорем то чунин норозигиҳои бемавриду бемазмун аз ҷониби гумроҳону фирефтагон ба вуҷуд ояд. Зеро оқибати ҳама бадбахтиҳо ва нооромиҳо дар кадом давлате, ки набошад аз ташкили чунин гирдиҳамоиҳо сарчашма ёфта, алангаи он тамоми кишварро паҳн менамояд.

 Аюбҷон Воҳидов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд