Ду моҳи охир мавзӯи меҳварии «сиёсатмадорони»-и  бурунмарзии мо,  пас аз шикаст дар нишасти Варшава ин мавзӯи Бадахшон буд. Чаро? Аввал ин ки гурезагон, хоинони давлат ва миллати тоҷикон  пиндоштанд,  ки  мардуми Бадахшон, хосса, гурӯҳҳои муташаккил пуштибони онҳо хоҳад шуд ва худи мардум низ ба ҷониби онҳо майл мекунанд. Аммо тирашон ин дафъа низ хок хӯрд. Зеро ягон амали ғаразнок подоши хубе ба бор намеорад. Хуб онҳо киро тӯдакаши худ меҳисобиданд, онҳоеро ки чанд даҳсола бедодгарӣ мекарданд, ҳамонҳоро. Пас ба ин «равшанзамирон» ва дилсӯзони миллат гуфтанием, ки замони нишон додани «қудрат ва тавоноӣ» гузашт.

Воқеан ҳам ҷинояткорӣ, падидаи  номатлуби  ҷомеа мебошад. Ин амали манфур  аз ҷониби  гурӯҳҳои  манфиатҷӯю қудратталаби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои охир реша давонда, аз худ оқибатҳои  даҳшатангез ва фоҷеабор  боқӣ гузошта, ба амният ва иттиҳоду оромии ҷомеаи мо таъсири манфӣ  расонида истодааст.

Имрӯз  моро зарур аст, ки  зиракии  сиёсиро  аз даст надода бар зидди  ин гуна гурӯҳҳо мубориза барем. Дар дарсҳои худ омӯзгоронро лозим аст, ки ба шогирдонашон таъкид намоянд, ки ҷавонони мо ватандӯст, инсондӯст, раҳмдил ва накӯкор ҳастанд, аз осори бузурги ниёгон, ки моро ба ҳаёти хушбахтона ҳидоят мекунад, омӯзанд. Зеро бамаврид аст бигӯем, ки Фирдавсии бузургвор фармудаст:

 

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспорем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

 

Имрӯз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои берақам, интиқоли маводи мухаддир ва дигар иқдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон  маънидод мекунанд. Тамоми мардуми соҳибхиради кишвари азизамон аз ҷумла аҳли омӯзгорони ноҳияи Зафаробод ва  сокинони бонангу номуси Бадахшон  ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳаргиз чунин набудаву нахоҳад буд, зеро таҳлилҳои анҷомёфта нишон медиҳанд, ки давоми чанд соли охир чанд гурӯҳҳои ҷиноятпеша, на танҳо хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда истодааст, балки онҳо дар баробари бадном намудани мардум, боиси ранҷу озори  халқи шарифи Бадахшон гардонида истодаанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон  оқибатҳои  даҳшатнок  ва  зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги шаҳрвандиро  хуб дар  ёд доранд. Ҷанги  дохилӣ аз  ҷониби  гурӯҳҳои ҷиноятпеша оғоз  шуда, боиси  ба ҳалокат  расидани даҳҳо  ҳазор  нафар  шаҳрвандони  мамлакат  ва  ҳисорати  азими  иқтисодӣ  гардид.

Ба мо маълум аст, ки яке аз аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпеша – Алим Шерзамонов, ки ҳоло дар Аврупо ба сар бурда, ғуломвор ба хоҷагони хеш хидмат мекунад, дар асл бо сабаби аз бонкҳои давлатӣ қарздор будан, фирор кардааст ва шарм надошта, барои пӯшонидани ҷиноятҳо ва хиёнатҳои хеш даст ба бадном кардани давлат мезанад. Ҳатто тадбирҳои созанда ва талошҳои мақомоти давлатӣ барои таъмини оромиш ва ҳаёти осоишта дар Бадахшонро  муқобилият ба мардум унвон мекунад. Инсоф куҷост? Вақте солҳо ту ва ҳамроҳони нашъаҷаллобу ва ҷинояткоратон бар сари мардуми Бадахшон чӣ қадар бадбахтиҳо овардеду имрӯз аз кишвар фирор кардед, чаро бешармона мардумро ба муқобили давлат мехоҳед бархезонед. Мо боварии комил дорем, ки халқи Бадахшон ҳаргиз ба дасисаҳои Шумо дигар бовар нахоҳад кард, чун имрӯз аллакай мӯйро аз хамир ҷудо кардааст.

Мо вазифадорем, ки  симои  аслии ин хоинони миллатро  нишон  диҳем.  Дар посухи ин амалҳои хоинона ба созандагиву бунёдкорӣ  машғул  шуда, фарзандони худро  дар руҳияи  худшиносиву  хештаншиносӣ тарбия  намоем. Сулҳу  ваҳдатро  чун  бузургтарин  неъмати илоҳӣ  эҳтиром  гузошта таҳти  роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ободкориву  созандагӣ  ҳамраҳӣ  ва ҳамкорӣ онҳо бошем.

Наим Рашидов,

номзади илмҳои кишоварзӣ,

устоди кафедраи химия ва агротехнология