Имрӯз вазъияти Украина барои дасисаю иғвои дигари Муҳиддин Кабирӣ  баҳонаи “хубе” гардидааст. Ӯ бо ҳадафи нопоки ташкили гурӯҳи низомӣ баромад мекунад. Ташкил гаштани боз ҳам “ҷиноҳи низомӣ” ин аллакай оромии Тоҷикистонро халалдор кардан маҳсуб меёбад. Дар ҳоле ки тарафдорони ақидаи нопоку ғаризаҳои нодурусти ӯ пайдо нагардид, имрӯз маҷбур гашт, ки роҳи дигари ошӯбро барпо намояд. Кабирӣ ба саволҳои журналистон ҷавобҳои мушаххас намедиҳад. Мехоҳад бо пардаи бегуноҳӣ худро бипӯшонад, як фарди ҷонсӯзи миллатро  нишон медиҳад. Вай иддао дорад, ки муборизаи сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи қонун ва роҳҳои мусолиматомез идомат бояд  кунад ва таъкид медорад, ки тамоми миллатҳо барои расидан ба озодӣ ва ҳадафҳояш роҳи муборизаро пеш мегиранд. Худ қазоват кунед, ки   роҳи  муборизаву ҷангро пеш мегирад ва иғво меангезад. Танҳо силоҳро барои дифоъ ва муборизаи мусолиматомези миллат медонад.  Худ бо чашми сар дида истодаем, ки вазъияти Украина чӣ қадар бесарусомонӣ, харобӣ ва вайронӣ оварда истодааст. Халқ ҳеҷ гоҳ Кабириро дастгирӣ наменамояд, зеро ваҳдату оромиро халқи тоҷик бо ҷонбозиҳо ба даст овард ва намегузорад, ки касе онро вайрону кишварро нотинҷ созад. Зиндагии шоиста танҳо дар оромии кишвару озодии шаҳрвандонаш аст. Мо, ки дар диёри озоду ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорем, аз зиндагиву ҳаёти хуррамона дилшодем ва намегузорем, ки меҳнату ҷонфидоии фарзандони ватандӯсти миллат барабас биравад.

Файзиева Ш., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд