Бо мақсади баланд бардоштани ифтихор ва ҳуввияти миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, даъват ба ҷавонмардию далерӣ, нишон додани иқтидори ҳарбӣ, тақвияти маҳорати ҷангӣ дар доираи баргузории “Марз - 2021”, ки бори нахуст дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дар сатҳи баланд доир гардид, тибқи  созишномаҳои қаблан ба тасвиб расида миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон»-и гарнизони Хатлон бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи се давлат машқҳои муштараки васеи низомӣ  доир гардид.  Ҳадафи чорабинии мазкур ҳамоҳангии ҷузъу томҳо дар сурати ба вуқӯъ пайвастани ҳама гуна таҳдиди хатар, вусъат додани қувва ва воситаҳои моддӣ-техникӣ,  ҳамкории қавии ҳарбии ин давлатҳо, табодули таҷрибаи маҳорати ҷангӣ ва нишон додани иқтидори ҳарбии давлатҳо маҳсуб мешуд. Ҷанбаи дигари ин машқҳои муштарак хотима додан бо ҳар гуна овозаҳо, ки Ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекистонро хатари воридшавии Ҷунбиши исломии Толибон таҳдид мекунад, буд.

Дар машқҳои муштараки васеи низомӣ зиёда аз ду ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи се давлат иштирок намуда, дар он 25 адад чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ, ҳавопаймоҳои бомбаандозу қиркунанда, қариб 300 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву махсус, тӯп ё воситаҳои гуногуни артиллерӣ, техникаҳои автомобилӣ, силоҳу муҳимоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти махсуси низомӣ истифода шуданд.

Баргузории машқҳои муштарак бори дигар шаҳодат аз он дод, ки ягон нерӯ ва қувваҳои ҷудоиталаб қудрати ворид шудан ба сарҳади Тоҷикистонро надорад. Зеро таҷрибаҳои ҷангии марзбонони мо дар омӯзиш ба таҷрибаҳои пешрафтаи Федератсияи Русия такмил ёфтаанд. Ин чорабинии муштарак барои  омўзишу аз бар намудани минтақаву мавзеъҳои ҷуғрофӣ зимни доир кардани амалиёти ҷангӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти гузаронидани тамринҳои мухталифи зиддитеррорӣ дар минтақаҳои марзӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле саривақтӣ буд.

Ин рӯйдоди муҳим бори дигар аз нерӯмандӣ, пурқувватӣ ва сарҷамъии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, мардуми бонангу ори кишвар, хосса ҷавонон омодаанд, ки ҳар лаҳзаву соат, аз як гиребон сар бароварда, пайи  омодагии марзу буми ин миллати бузург ҳастанд. Бояд иқрор шуд, ки дар саргаҳи ин ҳама тифоқӣ ва тавоноии Артиши миллии кишвар Садри аввалмақоми кишвар, Президенти мамлакат, роҳнамову пешгоми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар кадом шароит ва дар кадом лаҳзаи сиёсӣ таъсис ёфт. Касе гумон намекард, ки Тоҷикистони аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷузъ аз чанд танку тӯпи вайрона чизеро мерос нагирифта, имрӯз ба як ниҳоди хеле ҳам пурқудрат табдил ёфтааст. Чанд рӯзи охир бо ширкати бевоситаи Сарвари давлат баргузор шудани машқҳои низоми дар сарҳади кишвар, омодагии ҷангии афсарону сарбозон,  намоиши нерӯву асбобҳои ҷангӣ бори дигар халқи моро ба он ҳушдор дод, ки давлат ва Ҳукумат ягон лаҳза намегузорад, ки душманони ғаддор вориди марзи мо шуда, оромиву осудагии мардумро халалдор намояд. Ба ҳифзи марзу бум мо қудрат дорем ва аҳлию тифоқии сокинон моро дар ин ҷода роҳнамову пуштибон аст. Гуфтанием, ки Миллати тоҷик аз гузаштаҳои худ дарси ибрат гирифтаву як қавму миллат будани хешро амиқ дарк кардааст. Зеро ҳар қавму миллате агар сарҷамъу якдилу якзабон бошад, пас беватану бехона нахоҳад монд. Таърихи ҳастии тоҷикон, ки асрҳои зиёдеро дарбар мегирад бо ваҳдату якдилӣ, зиндагӣ карда, миллати тоҷикро номдору шӯҳратдор ва кишвари мутамаддину устувор ба мо мерос додаанд.

Мо, сокинони саодатманди диёр, дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ изҳор менамоем, ки дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор медонем, ки баҳри истиқлолияти комили мамлакат, рушду тараққиёти кишвар ва ниҳоят амнитяту осоиши он  дар радифи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузорем.

Мо шукри он дорем, ки чунин Пешвои муаззаму қавиирода ва саховатманд дорем. Якдилонаю якзабона ба душманони миллат гуфтанием, ки мо миллати воҳидем ва Ватандориро як гӯшаи имони худ медонем.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд