Омӯзгорӣ аз пешаи ифтихорафзо, бошараф ва меҳварии ҷомеа буда, дар замони муосир мушкилу заҳматталаб низ маҳсуб меёбад. Устодоне, ки таҷрибаву собиқаи зиёди корӣ доранд, бо меҳнати сангин ва дар айни ҳол садоқатмандонаю ҳалол, баҳри тарбияву ба камол расоснидани мутахассисони ояндасози миллат шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, хидмати шоистаро анҷом медиҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.12.2021) ба масъалаи тарбияву дастгирии омӯзгорони ҷавон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, аз ҷумла, қайд намудаанд:

«... Роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ба хусус, омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй эътибори аввалиндараҷа диҳанд.»

Омӯзгорони ҷавон имрӯз дар муассисаҳои таълиму бо азму ҷаҳд ва умеду ихлос ба таълиму тарбия машғуланд. Қайд кардан зарур аст, ки дар қиёс бо замони Шӯравӣ тафовут дар масъалаи кору пайкори омӯзгорони ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ хеле зиёд аст. Дар ин ҷода ба назар мерасад, ки шароиту вазъ, имконот ва нақши замон хеле равшан ба назар мерасад. Аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастгирии омӯзгорони ҷавон шарту шароити мусоҳид фароҳам оварда шудааст. Барои баланд бардоштани савияи касбии мутахассисони ҷавон ташкил ва баргузор намудани маҳфилҳои гуногун, чорабиниҳои шавқовару пурмуфтавои берун аз дарсӣ, виктариная шабнишинҳои фаннӣ аҳмияти хоса дорад. Омӯзгорони ҷавон, ҳамзамон кураторҳои гурӯҳҳо низ ба ҳисоб мераванд ва ин вазифа бағоят масъулиятталаб буда, аз омӯзгор заҳмату кӯшиши бардавом, ҳафсалаю ғайрат ва азми иродаи қавиро тақозо мекунад. Дар ин ҷода, аз омӯзгор танҳо ҳуҷҷатдорию қайди сӯҳбат бо волидони донишҷӯён маҳдуд нашуда, вобаста ба талаби замону пешгирии кирдори рафторҳои номатлуби баъзе аз донишҷӯён бо волидайни онҳо гуфтугӯйҳои ҷиддӣ ва таъсирбахшу ҳалкунандаро анҷом медиҳанд. Дар донишкада аз тарафи раёсат барои таъмин намудани кафедраҳо бо омӯзгорони ҷавон аҳмияти калон дода мешавад. Ҳамаи кафедраҳои донишкада бо омӯзгорони ҷавон таъмин карда шудаанд. Қайд кардан зарур аст, ки раёсати донишкада бо сарварии директор, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода барои муайян кардани донишҷӯёни болаёқат ва дар оянда таъмин намудани онҳо бо кор дар кафедраҳо нақши калон доранд. Хурсандиовар аст, ки ҳамаи устодони ҷавони дар кафедраҳо фаъолияткунанда хатмкунандагони ихтисосҳои ҳамин донишкада мебошанд. Аз тарафи раёсати донишкада барои дастгирии омӯзгорони ҷавон корҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад. Омӯзгорони ҷавон аз тарафи худ ҷавобан ба ин ғамхориҳо фаъолияти касби педагокии худро баланд мебардоранд. Онҳо корҳои илмии тадқиқоти худро пеш бурда, бисёрии онҳо рисолаи номзадиро дифоъ намуданд, ки барои тарбия намудани мутахассисони варзидаи соҳа роли муҳим мебозад.

Вақти он расидааст, ки тамоми шароитҳои мусоид барои омӯзгорон хусусан, мутахассисони ҷавон фароҳам оварда шуда, заҳмати онҳо холисони қадрдонӣ гардад, зеро ин талаби айём аст. 

Азимов Набӣ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд