Аз сомонаи «Паём нет» мусоҳибаи раиси ҳизби террористии наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро тамошо кардаму хостам чанд андешаҳои худро перомуни он рӯи саҳифа орам. Муҳиддин Кабирӣ бо ҳамон шеваи «адабигӯи»-и худ ба саволи хабарнигор вобаста ба муносибати сарди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҲНИТ  посух дод, ки ҳоло, ки ҳукумат душман надошт, рамзан ҲНИТ-ро душмани рамзии худ ҳисоб кард. То замони ҲНИТ душмани рамзии кишвар Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Бо баробари ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев муносибати Тоҷикистон бо Ӯзбекистон гарм шуд ва акнун душмани рамзӣ ҲНИТ гардид.

Аммо ин олимтароши воқеан ҳам душмани миллат бехабар аз он, ки Тоҷикистон дар симои Ӯзбекистон ягон вақт душмани худро намедид. Агар чунин мебуд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маросими ҷанозаи Президенти собиқи Ӯзбекистон Ислом Каримов намерафт. Агарчи баъзе аз роҳбарон бо адои дуою фотеҳа Самарқандро тарк гуфтанд, роҳбари давлати мо то сари хок рафта, сари қабри Ислом Каримов бо қироати ояте аз Қуръони маҷид  руҳи ин сиёсатмадори Ӯзбекистонро шод намуд.   Ҳатто худи шаҳрвандони Ӯзбекистон иқрор мешаванд, ки бо вуҷуди роҳҳоро бастану минакории сарҳад, қимат кардани гази табиӣ ва дигар муносибатҳои сарде, ки тӯли беш аз 20 сол миёни ин ду давлат дошт, Сарвари давлати тоҷикон ин ҳамаро таҳаммул кард, ягон ҳарфи баде дар ҳаққи ҳамсоягон нагуфт, баръакс дар ҳама конференсияву ҳамоишҳои байналмиллалӣ омодагии худро барои ҳамкории самарабахш иброз дошт. Махсусан дар самти дастрасӣ ба неъмати неъмати бебаҳои табиӣ- об Сарвари давлат гуфта буданд, ки ҷониби Тоҷикистон ягон вақт намегузорад, ки ҳамсоягон бе об монанд.  Маҳз Кабирӣ ва дастандаркорони ӯ мехоҳанд, бо ин посухи «ахмақона»-и худ равобити ин ду миллати ба ҳам наздикро канда созанд. Дар мавриди он, ки воқеан ҳам давлат дар симои «ҲНИТ» душмани худро мебинад, розӣ шуда наметавонам. Зеро ҲНИТ барои халқи тоҷик чӣ кореро анҷом додааст, ки ҳукумати кунунӣ аз он тарс дошта бошад. Ба ҷузъ аз ғайбату бӯҳтон, истифодаи нодурусти дину имон, тафриқандозӣ байни мусулмонон хизмате ба ин миллат накардаанд. Он рақамҳое, ки гуё шумораи наҳзатиён аз 25 ҳазор гузашта буд, дурӯғ аст. Ба ҷузъ аз «вазнгӯён»-у, муаббирон, хушомадгӯёну косалесони Кабирӣ дигар аъзоён худ намедонистанд, ки аъзои ҲНИТ ҳастанд.     

Суҳбати хабарнигор Носирҷони Маъмурзода бо  Сайҷалол Сияҳаков, ки чанде пеш дар сомонаҳо интишор шуда буд,  парда аз рӯи дасисабозии дастандаркорони ҲНИТ бардошт. Зеро тавре аз гуфтугузори ин нафари калидии масъули амнияти ҲНИТ бармеояд, ки роҳбарони олимақоми ҲНИТ ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар кӯшиши барҳамзадан ва таъсиси як кишвари ба номи исломии шиапарастро доштанд. Ҳамонтавре ки дар мақола омадааст, нақшаҳои гурезагон низ ҳам дар ин тарафи Тоҷикистон ва ҳам дар мулки Афғон маҳз кори дасти наҳзатиён будааст. Ҳайфам меояд ба чунин «родмардони ҳақиқии ватан», ки зери ниқоби ислом  аз манфиати халқ сухан мекарданд. Худи Кабирӣ дар мусоҳибаи худ иқрор шудааст, ки вақти ҷанги шаҳрвандӣ ҳини дар мулки Афғонистон қарор доштани қувваҳои мухолифини кишвар аз ҷониби хоҷагони берунӣ кӯмакҳои молӣ мегирифтаанд.

Воқеан бо он, ки баъзе аз роҳбарони Ҷумҳурии  Исломии Эрон душмани миллати мост то лаҳзаи охирин бовар надоштам. Вале пас аз он, ки аз ҷониби Мурод ном корманди ташкилоти  байналмилалии «Ҳилоли Аҳмар», ки аслан худ зодаи Эрон асту бо супориши роҳбарони ин кишвар чӣ тавр хоинони миллати мо дар Эрон машқу тамрин намудаанд, бовар намудам, ки худи ҷониби Эрон ҳавасманди табадуллот дар Тоҷикистон будааст. Бо гузашти беш аз 26 сол  имрӯз ҳақиқат рӯи об баромад.

Гурӯҳи мухолифин то ҳадде дар ташвиқот он давра бо кӯмаки хоҷагони Эронӣ пурқувват будаанд, ки собиқ корманди амнияти кишварро ба доми худ даровардаанд. Мо Саидабдуллоҳи Нуриро яке аз чеҳраҳои илм  ва маърифати кишвар мешинохтем. Аммо айён шуд, ки маҳз бо супориш ва хизматгорони он кас бо дасти ҷаллодони эронӣ даҳҳо шахсиятҳо ба марг мувоҷҷеҳ шудаанд. Мисоли барҷаста куштори Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов мебошад.

Аз домуллотарошони ҲНИТ, ки ҳамагӣ аз номи Ислом бар зиди Ислом кор мебурданд, тавассути ин мусоҳиба ошно гардидам.  Қатлу кушторҳо, ки  Сайҷалол Сияҳаков дар мусоҳибааш овардааст, бори дигар ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ будани ҲНИТ-ро исбот намуд. Дар паси ин ҳама беадолатиҳо хоҷагони Эронӣ дар симои Муродӣ меистад.  Ҳар он кӯшише, ки имрӯз наҳзатиён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ худро сафед мекунанд, дурӯғи маҳз аст.

Акнун худ қазоват кунед, кӣ банди нафс асту, ки хоин?

 

Турсун Холматов, муовини директор

 оид ба илм ва инноватсияи ДПДТТ