Истиқлол хушбахтӣ, пурбаҳотарин ва волотарин дастоварди миллати хирадсолору давлати созандаи тоҷик буда бо бузургию ҳашаматаш 30- умин баҳорашро аз сар мегузаронад. Мо тоҷикон ҳақиқатан хушбахтем, ки ватани озоду обод ва соҳибистиқлол дорему дар зери парчами созандаги аз ин ҳодисаи фараҳбахш лаззат мебарем ва ин падида орзую омоли чандинсолаи моро насибамон гардонидааст. 30 баҳори Истиқлол худ ба худ ба мо тоҷикон муяссар нагардиддаст. Тифлони яксолаи он имрӯз ба синни балоғати 30 солагӣ расидаанд ва аз кашмакашҳои соҳибистиқлоли огоҳ ҳастанд. Вале тифлони кӯчаки имрӯз аз воқеоти он огоҳ нестанд. Пас бояд ба онҳо ин воқеаро ҳаматарафа шарҳ дод ва аз бурду бохтҳои он бояд ба насли ҷавон ҳаррӯз сухан гуфт то ки онҳо низ ба қадри соҳибистиқлолию ватандорӣ бирасанд ва муҳаббати онро дар қабзаи меҳрашон ҳаматарафа нигоҳ доранд.

 Миллати хирадсолори тоҷик маҳз бо файзу баракати Истиқлол ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид ва соҳиби музаффариятҳои чашмрас дар байни ҷомеаи ҷаҳони гардид. Истиқлол сароғози рушд, бақои давлатдорӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиноси ва худоогоҳии миллати тоҷик мебошад. Истиқлол ба мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ато намуд.

Миллати тоҷик дар паҳнои таърих бисёр фоҷеаҳоро, маҳрумиятҳоро аз сар гузаронидааст вале ӯ фарҳанги асил, сабру таҳаммул, ҳувияти миллӣ, дастовардҳои фарҳангии илму адабиёти оламгир, забони модарӣ, расму оин ва тамаддунофариниро аз даст надод. Таърих ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳад кард, ки бар асари даргириҳо ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистон қариб, ки пора мешуд, миллат рӯ ба парокандагӣ оварда буд... Дар чунин шароити ниҳоят ҳассос Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида тақдири ояндаи миллату давлати тоҷиконро ҳаллу фасл намуд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсати созанда овард.

 Воқеаҳои Тоҷикистон ҷаҳонро ба ларза оварда буданд. Тамоми рӯзномаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оиди воқеаҳои Тоҷикистон маводҳои гуногун чоп менамуданд ва дар ҳошияи Иҷлосияи 16- уми ғайринавбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаҳои “Правда”, “Известия” ва “МК” (Московский комсомолетс) хабар доданд, ки “Наканец в Таджикистане появился лидер нация” ва халқи тоҷик аз ин рӯйдоди таърихи нафаси сабуке кашид. Барои оташбас эълон намудан иҷлосия ризоят дод ва гуноҳони мухолифин низ авф карда шуд ва ҳама якҷоя даст ба “оши оштии миллӣ” бурданд, вале дар гӯшаҳои алоҳида ҳамоно гоҳ - гоҳ садои тир мебаромад ва гурӯҳе аз “ришдорон”, аъзоёни назҳати ислом аз ин норози будани худро нишон медоданд. Роҳи тайкардаи Эмомалӣ Раҳмон аз он рӯзи муборак яъне 19 – уми ноябри соли 1992 то ба имрӯз пур аз муборизаву талошҳо, комёбиҳову нокомиҳо ва басо шарафманду пурифтихор буда, миллат ва кишварро ҳақиқатан ҳам ба Истиқлолияти воқеи расонида тавонист. Бо роҳбари ва хирадсолории ӯ зиёда аз 40 моҳ гуфтӯгу бо мухолифин дар мамлакатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар сатҳи баланд гузаронила шуданд, то ки миллати тоҷик бори дигар худро шиносад.

Таърих гувоҳ аст, то ба имрӯз ягон роҳбари аввали ҷумҳуриҳо барои бозгашти гӯрезаҳо заҳмат накашидааст ва ин таҷрибаи нодири сулҳофарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дунё шоистаи дастгири гашт ва сиёсати давлатдориро ба кулли дигаргун намуд. Андешаҳои арзишманди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳо, конфронсҳо, анҷуманҳо ба он оварда расонид, ки замини зиндагони маҷрои осоиштаи худро ёбад, тамаддуни пешрафта суннату оинҳои дорои ҷанбаҳои ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо аз нав зуҳӯр намояд ва оқибат Истиқлоли воқеи зуҳӯр ёфт, созандаги оғоз шуд, ки дар ин бора қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд чунин гуфта буд: “Имрӯз на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки тамоми тоҷикону форсизабонони олам ба хирадмандӣ, ҷасорату мардонагии Эмомалӣ Раҳмон ифтихор доранд. Истиқлолият ба Тоҷиқистон Эмомалӣ Раҳмон ин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин, фарзинди Тоҷикистон та тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст”. Бояд гуфт, ки бо дастури Пешвои миллат, ки воқеан бо дасту ақли созанда ва қалби сулҳпарвару ваҳдатофар дорад дар замони соҳибистиқлоли тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдатро абади гардонад. Сарвари давлат ҳамеша таъқид менамояд, ки дар ватани соҳибистиқлол мардум бо ҳамдигар бояд дӯсту бародар бошанд.

 Панҷ амали таърихии Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлати муосири тоҷикон асос гузошт, ки масъалаҳои зеринро дар бар мегирифту мегирад. Таъсиси ҳокимияти давлатӣ, ташкили низоми дурусти идораи давлатӣ, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идора, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳимоятунандаи шаҳрвандон, таҳияи низоми судӣ яъне бунёди як механизми мукаммали низоми идораи давлат, ки тавонад халқро аз нобасомониҳо наҷот диҳад, яъне идораи давлатро бунёд кардан лозим буд, ки низоми идораро аз ҷангиён гирифта, ҷангро хотима бахшида, мардумро ба ваҳдат ва ҳамдигарфаҳми расонад. Аз панҷ гурӯҳи асноди меъёрии ҳуқуқие, ки Шӯрои Олӣ қабул кард ду гурӯҳи аввал ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, сеюм барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ чорум барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гурӯҳи панҷум ба самти муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуда буданд. Масалан: Таъсис додани артиши миллӣ, пурзӯр намудани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ба ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробрҳуқуқӣ ба муносибатҳои фоидаовари тарафайн ҳамкорӣ намоянд ва ғайраҳо. Дар назди сарвари давлат масъалаи муҳим ва тақдирсозӣ ҷомеа ин ваҳдати миллӣ буд, зеро ин озодмарди пайроҳаи сулҳу оштӣ медонист, ки ҷанги тоҷикон ин самараи кори хоинони миллат буд ва ин ҷанг ҳақиқатан таҳмили тарҳрези шуда буд.

 Комиссияи оштии миллӣ чун ҳайати баруманди мардумӣ, ки дар он беҳтарин намояндагон аз ҳама табақаҳои ҷомеа, ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ гирд омада буданд, далели рӯшани ҳамраъйи эътироф гардид. Дар ин ҳайат сиёсатмадорону арбобони ҷамъиятию давлатӣ, шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳури ҷамъ омада буданд, ки суханҳои онҳо вазн дошту нигоҳашон маънӣ, зеро ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳамаи давру замонҳо аст. Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар масири таърих дар як муддат ва фосилаи кӯтоҳ миллатро сарҷамъ намуда ба муттаҳидию ваҳдат оварад. Оянданигарии ӯ ҳалқаи гӯши Истиқололият гашт, зеро Пешвои миллат симои сулҳу оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳми ва толиби осоиштаги будани мардумро аз ҳама пештар фаҳмида буд.

 Дар тули 30 соли Истиқлоли ба фаъолияти ӯ назар карда мебинем, ки чи қадар заҳмату машаққат паси сар гаштааст. Барқарор намудани сохтори давлатии фалаҷгашта, ба эътидол овардани вазъияти баргардонидани гурезаҳо, сохтмони хонаҳои сухтаву валангоргаштаи онҳо, дастрас намудани нону ғизо ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа, оромиву суботи ҷомеа, брқарор намудани инфрасохтори иҷтимоию маишӣ, мактабу маориф, тандурустию фарҳанг хулоса авзои онвақтаи баъди ҷангии таҳмили бениҳоят вазнингу сангину заҳматталаб буд. Бояд гуфт, ки ғояи ваҳдати милли дар як марҳалаи муҳими таърихи ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо хизмати бузургу арзандаро анҷом дод. Бо ёд оред, охирин дороийи давлати ба яғмо рафтаро сарвари давлат барои наҷоти мардумонаш бо гандум иваз намуд ва ин бешак қаҳрамони асту меҳрубони барои наҷот додани шаҳрвандону сокинон. Танҳо ҷасорат, матонат, ояндабинӣ, ҷоннисорӣ ва далерии Эмомалӣ Раҳмон тавонист зина ба зина пай дар пай бо мардуми шарифи Тоҷикистон аз сахтиҳо наҳаросида, баҳри ободи, шукуфоӣ ва сарсабзии ин сарзамин талош варзад.

Оре таҳлилҳои таърихӣ, илмӣ ва муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки мо метавонем роҳи дар даврони истиқлолият тай кардаи худ, инчунин ваҳдати миллирро ҳамчун бозёфти нодири халқамон муаррифи намоем. Самараи неки Истиқлол ва ваҳдати милли аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Истиқлолияту ваҳдат ҳамчун ду боли як кабутар буда парвози ҷаҳони дорад ва боиси ифтихор аст, ки ин таҷрибаи Тоҷикистон аз тарафи давлатҳои хурду бузург омӯхта шуда истодааст. Чихеле, ки Пешвои миллат изҳор намудаанд: “Вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарастӣ халқи мо, таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият мебошад”. Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори истиқлолияти миллӣ , Асосгузори сулҳу ваҳтат, наҷотбахши давлат, фариштаи наҷоти миллат, сарамъкунандаи халқ, кафили якпорчагии миллат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, расму оинҳо, роҳандози мактаби давлатдории муосири миллӣ, меъмори давлатдории навини тоҷикон шинохта шудааст ва эътироф гардидааст. Ҳақ ба ҷониби собиқ Президенти ИМА Ҷорҷ Буш аст, ки чунин гуфтааст: “Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр тезу тунд ба кишвараш ва халқаш сарвар гардида тавонист халқу давлаташро аз вартаи ҳалокату нести наҷот диҳад.

 Вай дар муддати начандон кутоҳ дар мамлакат сулҳ барқарор кард ва ба арсаи байналмилали баромад. Чунин сиёсатмадорон каманд....” Халқи бунёдкору тамаддунофарини тоҷик дар давоми 30 соли Истиқлолият бо шарофати сиёсати оқилона дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва ислоҳоти созандаи босуръат то ба имрӯз идома дорад. Ин санаи тақдирсоз самтҳои фаъолияти давлат ва миллатро муайян намудааст ва бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, раиси ҲХДТ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукргузорию ифтихор 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо чеҳраҳои болида таҷлил хоҳад кард.

Ду боли як кабутар ин ду маънӣ,

Ду холи ҳусни дилбар ин ду маънӣ.

Гилу хоки ба ҳам омехтаи мо,

Кулолу кӯзаи зар ин ду маънӣ.

 

Холиқ Мирхолиқов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд