Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, ки « бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии мамлакат мо итминон дорем, ки дар 7 соли оянда иқтидорҳои энергетикии кишварро ба 10 ҳазор мегаватт расонида, ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти комили энергетикӣ муваффақ шавем.

Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» бояд то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда, татбиқи онро таъмин намояд.».

       Воқеан ҳам агар дар соли 2008 ҳамагӣ дар ҳудуди кишвар 94 адад нерўгоҳи хурди барқии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта бошад, айни ҳол ии рақам ба 300 адад расидааст. Феълан “Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2020-2025» амал мекунад, ки мувофиқи он то соли 2025 беш аз 200  нерўгоҳи дигар бунёд хоҳад шуд.

Маълум аст, ки талафоти сӯзишворӣ ва энергия ба омилҳои гуногун, аз ҷумла ба механизмҳои ҷории иқтисодиву молиявӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин бо мақсади сарфаҷӯии нерӯи барқ ҷорӣ кардани технологияҳои муосир вобаста мебошад. Яке аз дастовардҳои соҳа дар солҳои охир он аст, ки дар кишварамон истифодаи асбобу таҷҳизоти замонавии каммасрафи барқӣ, воситаҳои техникии истеҳсол ва интиқоли барқ ба таври васеъ ба роҳ монда шуда,  ба кори пурманфиати сарфаҷӯии энергия мутахассисони ботаҷриба ҷалб гардидаанд. Имрӯз шаҳрҳои азими кишварамон аз қабили Душанбеву Хуҷанд бо суратҳисобкунаки рақамӣ пайваст шудаанд, ки ин имкон дод, то ҳам нерӯи барқ сарфа гардад ва ҳам маблағи ҳаққи истифодаи нерӯи барқ саривақт ба хазина ворид гардад. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 21.12.2021 баргузор шуд, чунин изҳор доштанд: “Ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд.”

Ин сатрҳои тиллоии Пешвои муаззами миллат гувоҳ аз он аст, ки ҷавонони саодатманди Тоҷикистон дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор доранд. Аз ин рӯ, ин қишри созандаи ҷомеаро зарур аст, то бо омӯхтани донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ саҳми шоистаи худро дар рушд ва муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гузоранд.

Шоистаи зикр аст, ки мақоми соҳаи маориф дар ҳама давру замон дар рушди ҷомеа ва инкишофи неруи зеҳнии ҷавонон нақши муассир дорад. Дар замири ҷавонон тарбия намудани эҳсоси волои ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба обу хоки ватан ва рамзҳои муқаддаси миллӣ вазифаи ҳам оила ва ҳам мактаб мебошад. Зеро агар падару модар одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва муҳаббат ба Ватанро дар ниҳоди фарзанд тарбия созанд, омӯзгор насли наврасро ба техникаю технологияи навин ва дастовардҳои тозаи илму фарҳанг ошно месозад.

“Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.” – таъкид намуданд Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона. Ҷавонони хуштолеъи мо барои он, ки ба ин бовари Пешвои миллат сазовор бошанд, бояд қабл аз ҳама бо ҳисси баланди худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ барои давлату миллати куҳанбунёди тоҷик хизмати содиқонаву самимона кунанд.

Дар ниҳоди ин неруи пешбаранда ҷой намудани ҳисси миллӣ, ватандориву ватанпарварӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар ин вазифаи ҷонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Танҳо дар ҳамин ҳолат ҳар як ҷавони соҳибнасл бо як эҳтирому боварӣ, бо як муҳаббату садоқат барои ҳифзи марзу буми кишвар қадам мениҳад.

Сарвари давлат ҳамеша дар сиёсати худ дастгирии занонро дар мадди аввал гузошта, дар Паёми навбатӣ низ ин мавқеи худро ба таври алоҳидагӣ таъкид доштанд: “Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.”

Воқеан ҳам, Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини фаъолияти роҳбарӣ ба беҳдошти рӯзгори бонувон, нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд. Фармони Президенти кишвар аз 3 декабри соли 1999 таҳти рақами 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, “Барномаи давлатии пешгирии зуровари дар оила барои солҳои 2014- 2023”, “Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва даҳҳо дигар фармоишу қарорҳо, ки ба  беҳдошти вазъи иҷтимоӣ - иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст.

Самараи роҳандозии чунин тадбирҳо буд, ки агар дар соли 1991 аз 95 ҳазор нафар кормандони соҳаи маориф 52 дарсадро занону духтарон ташкил медоданд, пас, ин нишондод дар соли 2021 ба 73 фоиз расонида шудааст. Ҳамчунин, дар соҳаи тандурустӣ шумораи бонувони корманд аз 25 ҳазор нафар ба 57 ҳазор расидааст. Саҳми бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35 ҳазору 600 нафар ва занони соҳибкор 77 ҳазору 400 нафарро дар миқёси ҷумҳурӣ мебошанд.

Дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд.

Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.

Дар сиёсати иҷтимоии арвари давлат қадр ва манзалати инсон мақоми хоса дорад. Нуктаи меҳварии Паём низ иборат аз таъмини зиндагии шоиста ба мардум аст. Тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд: “Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 9,8 миллион нафар, яъне 1,8 баробар зиёд гардид ва соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад.

Соли 2020 дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд мебошад.

Нишондиҳандаҳои фавти умумӣ 40 фоиз, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 фоиз ва фавти кӯдакони то 5-сола 85 фоиз паст гардид.

Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Аз баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ, инчунин, нишондиҳандаҳои зерин гувоҳӣ медиҳанд”

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ 87 баробар афзудани музди миёнаи маош 80 баробар зиёд гардидани андозаи нафақа  ва 75 баробар афзудани даромади пулии аҳолӣ худ гувоҳи гуфтаҳои болои мебошад.  Аз  1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд гардидан ташаббуси наҷиби Сарвари давлат мебошад.

Дар паём таъкид шудааст, ки “Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Тайи 30 соли истиқлоли давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард.

Соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошт.

Ҳоло дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ бо 78 800 корманд фаъолият дорад.

Президент бо як дилсӯзӣ аз норасогии кадрҳо дар маҳаллаҳо, баланд бардоштани савияи дониш ва хизмати содиқона кардан ба халқу диёр духтуронро даъват намуда, қайд карданд, ки “Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббиву иҷтимоиро ҷоннок намуда, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва якҷо бо дигар вазорату идораҳои марбута ва соҳибкорон дар самти таъмин кардани рушди саноати дорусозӣ, аз ҷумла истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешад.”

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд