Анқариб якуним моҳ мешавад, ки мавзӯи меҳварии шабакаҳои иҷтимоӣ ин авзои сиёсии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳсуб меёбад. Зеро пас аз дастури қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба таъмини амнияти минтақа, пешгирии ҷинояткории гурӯҳҳои мутташакил чанде аз нохалафон ба ин тадбири хайрхоҳонаи Роҳбари давлат ҷомаи дасисаву бӯҳтонҳо пӯшонда, мехоҳанд бо ҳар роҳ вазъияти орому осударо ба нооромӣ табдил диҳанд.

Махсусан дар ин кори «хайр» дастандаркорони созмони «Паймони миллӣ», ки ҳамагӣ думравони Кабириву ҳизбаш ҳастанд, фаъол буданд. Ин нафарони мубаллиғи афкор ва андешаи бегона  дар нигоштаашон як навъ маҳалгароӣ намуда, бо ин амалашон умедвор буданд, ки халқи шарифи вилоят онҳоро дастгирӣ мекунанд. Онҳо ҳамзамон ба як гурӯҳ шахсони маълуму машҳури вилоят, ки ба истилоҳ тӯдакаш буданду солҳои сол гапҳояшонро гап мекарданд, амосоли Ғозибек Айёмбеков, Хурсанд Мазоров, Ёдгоршо Мамадасламов, Мунаввар Шанбеев, Амриддин Аловатшоев, Зоир Раҷабов эътимоди қавӣ доштанд. Аммо нафарони болозикр бо маросими савгандёдкунӣ  дар назди қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ вазифадор шуданд, ки хилофи қонунҳо амал намекунанд.

Бояд гӯем, ки оҳи мардуми ранҷдида ва оҳқшидаи Бадахшон боло шуд. Зеро солҳои сол аст, ки ин гурӯҳҳои муташаккила бо зиёдрвию зӯргӯии худ ба қавле сокинони орому осудаи вилоятро ба таҳлука оварданд. Бино бар иттилои Раиси Кумитаи Амнияти Миллии кишвар Саймуъмин Ятимов аз ҷониби 6 гурӯҳи муташакила солҳои сол бисёр ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқи инсон ба қайд гирифта шуда буд. Тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд танҳо дар давоми 9 моҳ 456 ҷиноят аз ҷониби 342 нафар ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумор 26 ҷинояти вазнин, 153 ҳолати зӯроварӣ мебошад. Мутаассифона, давоми чанд соли охир 1282 ҷиноят нокушода монда, ҳамагӣ 31 ҷиноят гунаҳкорони худро пайдо намуд.

Президент борҳо дар баромадҳояшон зикр медоранд, ки то охири силоҳ аз дасти мардум гирифта нашавад хатари нооромӣ вуҷуд дорад. Аз рақамҳои оморӣ бармеояд, ки солҳои 2013- 2015 наздики 800 яроқу аслиҳа аз мардум гирифта шуда, ин рақам танҳо дар 9 мохи соли равон ба 300 адад мерасад. Умуман дар 25 соли охир наздики 1500 силоҳ гирифта шуданд, ки ҳоло низ ин кам аст. Ситоди байниидоравии мақомоти амниятӣ маълумотҳои кофии дар хонаи кӣ маҳфуз будани яроқро медонанд, танҳо аз сокинони баору номуси вилоят ситод хоҳиш дорад, ки силоҳро силоҳбадастон бо хохиши худ супоранд. Он гоҳ нисбати онҳо  парвандаи ҷиноятӣ боз нахоҳад шуд.

Мо аминем, ки гурӯҳҳои муташаккил ҳоло низ яроқу аслиҳаҳои зиёдеро бо худ доранд. Онҳо бояд дарк кунанд, ки ҷомеаи имрӯза ҷомеаи пештара нест. Низоми давлатдорӣ низ таҳким ёфтааст. Онҳоро мебояд, ки бо давлат муросо кунанд. Зеро имрӯз ягон нерӯи хориҷа қудрати баТоҷикистон ворид шуда, муқобилият нишон доданро надорад. Зеро, ки аввал халқ дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид аст, сониян нерӯҳои давлатӣ метавононанд, халқу миллатро дар ҳама ҳолат дифоъ намоянд.

Мо  вазифадор ҳастем , ки баҳри  пешгирии ҷинояткорӣ  ҷидду ҷаҳд  намоем. Симои  аслии ин хоинони миллатро  нишон  диҳем.  Ҳар яки  мо  вазифадор  ҳастем, ки ба созандагиву бунёдкорӣ  машғул  шуда, фарзандони худро  дар руҳияи  худшиносиву  хештаншиносӣ тарбия  намоем. Сулҳу  ваҳдатро  чун  бузургтарин  неъмати илоҳӣ  эҳтиром  гузошта таҳти  роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ободкориву  созандагӣ  ҳамраҳӣ  ва ҳамкорӣ онҳо бошем.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,

сармуҳаррири нашрияи “Меҳвари дониш”-и

ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд