Таърихи начандон дур гувоҳ аст, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ бӯҳрони шадидеву вартаи мушкиле  Тоҷикистони соҳибистиқлолро шуруъ аз ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ фаро гирифта буд. Ҷанги шаҳрвандӣ, тарки хонаву манзил, бародаркушӣ ва  хатари маҳв шудани миллати тамаддунофар доғе буд, ки қалбҳои ҳазорон шахсони бономусу ори тоҷикро месӯзонд. Он лаҳзаҳое, ки  фиғони зори модарон ба гӯши ҳафт осмон мерасид, оилаи тоҷик дар парокандагӣ ва сарсонӣ қарор дошт.  На ҳамсояе  ба ин оила кӯмаке мекарду на дӯст ва маслиҳатгаре дошт.  Баръакс алангаи низоъи бародаркушӣ маҳз бо мадади нотавонбинони ин оила авҷ мегирифт.   

Дар ҳамин марҳила ақлу хирад ғалаба кард ва шахсе зимоми роҳбарии давлатро бар дӯш гирифт, ки ба ҷузъ аз ҳуввияти ватандорӣ дигар арзишро болотар намедонист. Инак дар фосилаи 33 соли соҳибистиқлолӣ ҷомеа дар ҳоли рушд ва субот пеш рафта истодааст. Аммо мушоҳидаҳо нишон дода истодаанд, ки таассубу хурофотпарастӣ, зиёдаравӣ дар ҷомеа торафт пеша паҳн намуда истодааст. Бо вуҷуди он, ки барои намозгирандагони баровардакунии эҳсоси динӣ дар кишвар ҳама шароит муҳайёст, мардум ноогоҳона банди хурофотпарастӣ гардида истодаанд.                       

 Бояд гуфт, ки давлати Тоҷикистон тибқи моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона эътироф гардидааст. Дунявӣ будани давлат дар он аст, ки дин аз давлат ҷудо буда, мавқеи дин, масҷидҳо ё меъёрҳои динӣ эътироф гардидаанд. Вале дар дин идоракунии давлат, қонунгузорӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқӣ эътибор надорад. Дин ҳамчун ойини муқаддас набояд ба сиёсат вобаста ва омехта бошад. Ҳамчунин сиёсатмадорон ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бояд динро ва руҳониёнро барои манфиатҳои сиёсӣ истифода набаранд.

    Дар Қуръони Карим ва ҳадисҳои Паёмбар (с) омадааст, ки соҳиби дин ва муҳофизаткунандаи дин худи Худованд ва диндорони боимон мебошанд. Имондор будан, амали нек кардан, омӯхтани илм, эҳтироми волидайн, ибодат, закот, садақа, дур будан аз фитна, нифоқ, зулм, ҷанг-ин аломатҳои асосии диндорӣ мебошад. Бинобарин дини ислом ҳамчун дини муқаддас эътироф мешавад. Зеро дини муқаддаси ислом дар асоси таълимоти Қуръони Карим муаррифӣ шудааст. Зеро ҳадафи асосии нозил шудани Қуръон пеш аз ҳама ба ҳаёти поку беолоиш, зиндагии осоишта ҳидоят намудани мардум ва раҳоӣ аз ҷаҳолат мебошад.

    Афсӯс, ки имрӯз аз амалҳои ғайриисломии гурӯҳҳои алоҳида ислом ба он ҷое меояд, ки дар он таҳсилот ва ҷаҳонбинии илмӣ арзи вуҷуд надорад, баръакс аз ҷониби исломгароёни имрӯза куштору хунрезиҳо ба амал меояд. Гурӯҳии давлати исломӣ мисоли равшани таърихи имрӯза аст. Давлати исломӣ солҳои зиёд дар ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон вуҷуд дошта, ҷавононро ба муборизаи исломгароӣ ҷалб карда истодааст. Баъзе аз ҷавонон имрӯз сарбозони фаъоли гурӯҳи Хуросони Давлати исломӣ гашта, нафарони зиёди онҳо дар ин мубориза ҷони худро аз даст додаанд. Мувофиқи зикри исломгароён бо воситаи сомонаҳои Интернет он метавонад ба Тоҷикистон ҳам ояд. Давлати исломӣ барои Тоҷикистон имрӯз душмани аз ҳама даҳшатноку хавфнок мебошад. Имрӯз раванди исломгароӣ ба ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ дахл мекунад. Ин раванд пеш аз ҳама дар байни ҷавонон ва занон вусъат меёбад, ба сар гирифтани ҳиҷоб, риш мондани ҷавонон мисоли равшани ин падида мебошад. Бинобарин, дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро бобати исломгароён, мақсади Давлати исломӣ пурзӯр хоҳад кард. Зеро мақсади онҳо бо воситаи қатлу куштор ташкили давлати Хилофатӣ мебошад.

   Файласуфи шинохта - Арастуи бузург зимни ифодаи афкор ишора намуда буд: агар кафшдӯз пойафзолро бесифат дӯхтаву омода намояд, ба давлат зараре намерасад, вале агар ба кори таълиму тарбия афроди белаёқат ҷалб гардад, ин теша ба решаи давлат задан аст. Моро зарур аст, ки дар муқобили  ин ҳама ифротиён дониш, малака ва маърифати аҳли ҷомеаро баланд бардорем, дар зеҳну тафаккури онҳо андешаи дӯст доштани Ватан, обу хок ва модарро ҷо намоем.  Дар он сурат мо муваффақ ба кори худ хоҳем шуд.

Шаҳбоз Дадобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд